Бинои Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Роҳандозии низоми ягонаи электронии савдо миёни бонкҳо дар ҶТ

29
(Таҷдидшуда 17:10 08.12.2015)
Ин таҷриба дар Тоҷикистон бори нахуст роҳандозӣ шуда, ба андешаи коршиносон ҷиҳати нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ мусоидат хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Бори нахуст дар Тоҷикистон "Низоми ягонаи электронии савдо" миёни бонкҳо ҷорӣ шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Бонки миллӣ.

"Минбаъд тамоми музоядаҳои харидуфурӯши асъори хориҷӣ ба бонкҳои кишар тариқи ин низом сурат мегирад",- меафзояд манбаъ.

Масъулини БМТ ҳадаф аз татбиқи ҷадиди низоми мазкурро дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ намудани бозори байнибонкии асъор, мубодилаи асъор байни ташкилотҳои қарзӣ шарҳ дода мегӯянд, ин амал яке аз бандҳои асосӣ ва муҳими иҷрои барномаи ислоҳоти Бонки миллӣ ба шумор меравад.

"Ин иқдом барои фаъол намудани бозори байнибонкии асъор ва беҳтар кардани шароити мусоид оид ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ тавассути системаи асосӣ ва инфрасохтори бонк, байни ташкилотҳои қарзӣ ва Бонки миллӣ мусоидат хоҳад кард",- омадааст дар иттилоъияи ин ниҳоди молӣ.

Гуфтанист, то имрӯз 19 ташкилоти қарзӣ ба низоми номбурда пайваст шуда, дигар ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳо дар раванди пайвастшавӣ мебошанд.

Дар бораи "Низоми ягонаи электронии савдо" нахуст Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ 4-уми декабр зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе маълумот дода буд.

"Бонки миллӣ дар ин низом ҳамарӯза ба ташкилотҳои қарзӣ фурӯши доллари амрикоиро анҷом дода, тавассути ташкилотҳои қарзӣ дахолатҳои асъорӣ — фурӯши доллари нақди ИМА-ро дар нуқтаҳои мубодилаи шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст",- қайд кард он замон оқои Нуралиев.

"Низоми ягонаи электронии савдо" дар бозори байнибонкии асъор тавассути платформаи кории ширкати "Томсон Ройтерс" омода шуда, ба воситаи он амалиётҳои хариду фурӯши асъор миёни бонкҳо сурат мегирад.

29
Барчаспҳо:
асъор, асъори хориҷӣ, харидуфурӯш, музоядаҳо, Низоми ягонаи электронии савдо, Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Нуралиев, Душанбе, Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?

144
(Таҷдидшуда 20:33 27.10.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон имрӯз лоиҳаи қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023-ро баррасӣ кард, ки тибқи он буҷаи соли оянда аз имсола 1,6 миллиард зиёдтар мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2020 ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ ё 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Даромад аз ҳисоби чӣ?

“Бо дарназардошти дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодии кишвар даромади ҷории буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 20,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Афзоиши ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2020 ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ё 5,1 фоиз зиёд ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур тавзеҳ дод, ки таъмини нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 18,8 миллиард сомонӣ бо афзоиши 890 миллион сомонӣ, воридоти маблағҳои ғайриандозӣ 1,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 110 миллион сомонӣ ва грантҳо барои дастгирии буҷет дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Таъкид гардид, ки хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли ҷорӣ 1,7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоии кишварро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 барои ин соҳаҳо 13,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ намудааст, ки он 47 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Барои кадом соҳа чанд сомонӣ?

“Аз ҷумла, барои маблағгузории соҳаҳои маориф дар ҳаҷми беш аз 5,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 592 миллион сомонӣ, тандурустӣ 2,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 509 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии 262,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 69,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Дар ҷаласаи Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҷаҳони имрӯза ва бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории КОВИД-19, дар чунин шароити ҳассос барои ноил гардидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати Тоҷикистон татбиқи мутавозини сиёсати буҷету андоз ва пулию карзиро зарур шумурдааст.

Ӯ назди масъулин барои иҷрои саривақт ва босифати барномаву нақшаҳои зиддибуҳронии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат, барои зиёд намудани даромади буҷет пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани тамоми манбаъҳои даромад, кам намудани бакияпулиҳои андозӣ ва пешгирии пайдоиши бақияпулиҳои нав, инчунин, баланд бардоштани интизоми молиявӣ ва андоз дар сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ, таъмини истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, суръат бахшидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, таъсиси корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ вазифаҳо гузоштааст.

144
Барчаспҳо:
давлатӣ, буҷа, даромад, Тоҷикистон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Барномаи рушди навоҳии ВМКБ иҷро нашуд: Файзов сабабҳоро гуфт

90
(Таҷдидшуда 13:42 27.10.2020)
Вакилони халқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб барои солҳои 2015 – 2020-ро, ки аксари бандҳояшон иҷро нашудаанд, баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Иҷрои бандҳои алоҳидаи ин барномаҳо ҳатто оғоз нашуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳамагӣ то 20 фоизи нақша амалӣ гардидааст, хабар дод нашрияи “Ҷумҳурият”.

Роҳбарияти вилоят сабаби нокомии ин барномаҳоро, пеш аз ҳама, ба тартибу низоми қабули барномаҳо марбут донист, ки  дар марҳилаи аввал дуруст ва ҳаматарафа баррасӣ нашуда, бандҳое ҳам ҳастанд, ки сарчашмаи маблағгузориашон аниқ нест ва инвеститсияи хориҷӣ таваккалан манбаи амалисозии банди барнома нишон дода шудааст.

Ёдгор Файзов, раиси вилоят изҳор доштааст, ки агар лоиҳа таъсиси коргоҳи истеҳсолӣ бошад, бояд пешакӣ ҳатто бозору харидори онро ҳам муайяну аниқ кунем.

“Аммо тавре мушоҳида мегардад, барномаҳои рушди ноҳияҳо барои солҳои 2015 - 2020 дуруст таҳлил нашудаанд. Чунин барномаҳо, ки сарчашмаи аниқи маблағгузорӣ надоранд ва бо маблағгузор ҳаматарафа мувофиқа нашудаанд, албатта, ноиҷро мемонанд. Дар ноҳияҳо ҳатто имкониятҳои молиявии худро ҳисоб накарда, маблағгузории ин ё он иншоотро ба зимма гирифтаанд”, - изҳор дошт Файзов.

Ӯ мисол овардааст, ки дар барномаи рушди ноҳияи Ванҷ барои иҷрои бандҳои барнома аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 17 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, аммо чунин маблағро мақомоти вилоятӣ дар ихтиёр надорад.

“Даромадҳои ноҳия ҳам кам ва барои амалисозии бандҳои барнома, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба зимма гирифтааст, нокифоя мебошанд, - таъкид кард раиси вилоят Ёдгор Файзов.

Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур додаст, ки ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди ноҳияҳо барои солҳои 2021 -2025 ба камбудиҳое, ки дар барномаҳои пеш ҷой доштанд, роҳ надода, лоиҳаҳоеро пешниҳод намоянд, ки дархӯрди талаботи воқеии ҷомеа бошанд.

90
Барчаспҳо:
барнома, рушд, ВМКБ, Тоҷикистон