Барои 45 сокини селзадаи Рашт деҳаи нав бунёд карданд. Акс аз бойгонӣ

Ҷопон дар Тоҷикистон шаш лоиҳа роҳандозӣ мекунад

40
(Таҷдидшуда 12:06 11.03.2016)
Кордори сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Такашӣ Камада муҳим будани муносибатҳои дӯстонаи Токио ва Душанберо қайд намуда, афзуд, ки Ҷопон минбаъд низ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik.  Дар сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими имзои шаш лоиҳаи ёрии билоиваз барои Тоҷикистон баргузор шуд.

Мувофиқи иттилоъи сафорати Ҷопон тарҳҳо аз ҷониби кордори сафорати Ҷопон Такашӣ Камада ва намояндагони шаш мақомоти дахлдори кишвар ба тасвиб расидаанд.

Ин 6 лоиҳа аз қабили: тарҳи бунёди мактаб дар деҳаи "Халкарф"-и ҷамоати "Навдӣ"-и ноҳияи Рашт (бо маблағу умумии $88,110), лоиҳаи барқароркунии "Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе ($83,975), лоиҳаи бунёди мактаби нав дар деҳаи "Угук"-и ҷамоати Исмоили Сомонӣ (ба маблағи умумии $103,199), харидории таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази ҷарроҳии рагу қалби Тоҷикистон  (ба миқдори умумии $87,454), лоиҳаи бунёди мактаби иловагии № 55 дар деҳаи "Сайёд"-и ҷамоати Вахё (ба маблағи умумии $88,781) ва тоиҳаи бозсозии мактаб-интернати ятимон дар ноҳияи Вахш ($83,812) ба имзо расиданд.

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такашӣ Камада  муҳим будани муносибатҳои дӯстонаи Токио ва Душанберо қайд намуда, афзуд, ки Ҷопон минбаъд низ ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада бо намояндаи минтақавии Дафтари СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ Ашита Митад лоиҳаи "Тақвияти амният дар марзҳои вилояти Хатлон"-ро ба имзо расониданд, хабар медиҳад сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон.

40
Барчаспҳо:
бунёд, лоиҳа, тарҳ, сармоягузорӣ, маблағгузорӣ, Маркази ҷарроҳии рагу қалби Тоҷикистон, Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе, Сафорати Ҷопон дар Душанбе, Такаши Камада, Токио, Ҷопон, Душанбе, Тоҷикистон