Ноқилҳо дар зеристгоҳи барқӣ. Акс аз бойгонӣ

Ширкати энергетикии Чин мехоҳад бо Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монад

14
(Таҷдидшуда 19:06 04.05.2016)
Ширкати чинӣ, ки ба фурӯши ноқилҳои барқӣ ва сохтмони зеристгоҳҳои трансформаторӣ машғул аст, мехоҳад ба бозори Тоҷикистон роҳ ёбад.

ДУШАНБЕ, 4 май- Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо роҳбарияти ширкати электрикии чинӣ Ningbo Sanxing Electric CO Ltd China вохӯрд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ПСС ҷумҳурӣ.

"Менеҷери ширкат Ванг Чунг бо мақсади омӯхтани бозори дохилӣ ва дарёфти шарикон дар соҳаи савдо ва ҳамчунин табодули таҷриба ба Тоҷикистон омад",-гуфта мешавад дар иттилоия.

Раиси ПСС Тоҷикистон ба муҳим будани сафари Ванг таъкид кард.

Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати кишвар изҳор доштанд, ки омодаанд  дар ташкили вохӯриҳо бо якқатор вазоратҳо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ширкати холдингии "Барқи тоҷик" ва заводи шаҳри Қурғонтеппа ба ширкати чинӣ кӯмак расонанд.

"Шариф Саид ҳамчунин ба Ванг Чунг пешниҳод кард, то дар намоиши маҳсулоти ҷинӣ, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок намояд",-иттилоъ медиҳад ПСС.

Ширкати чинии Ningbo Sanxing Electric CO Ltd China шурӯъ аз соли 1986 инҷониб ба истеҳсоли маҳсулоти эенергетикии сатҳи ҷаҳонӣ машғул аст.

Ширкат дар 30 кишвари манотиқи гуногуни ҷаҳон аз ҷумла, Осиё, Амрикои Ҷанубӣ, Африқо, Аврупо дар Австралия, Бразилия, Италия, Ҷопон, Русия, Бангладеш, Непал, Малайзия, Филиппин, Кения ва дигар мамлакаҳо фурӯши маҳсулоти худро ба роҳ мондааст.

 

14
Барчаспҳо:
фурӯши маҳсулоти энергетикӣ, бозори дохилӣ, ноқили барқӣ, ҳамкорӣ, Ningbo Sanxing Electric CO Ltd China, ПСС, Ванг Чунг, Чин, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Перм ва Нижний Новгород хостори ҳамкорӣ бо ПСС-и Тоҷикистон мебошанд