Cохтмони НБО. Акс аз бойгонӣ

Маросими ифтитоҳи CASA-1000 дар ҶТ баргузор мешавад

35
Дарозии шабакаи барқи CASA-1000 1222 километрро ташкил медиҳад ва дар оянда 1 300 мегават нерӯи барқро аз нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистону Қирғизистон ба Ҷануби Осиё интиқол хоҳад дод.

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо ширкати роҳбарони Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон маросими оғози татбиқи тарҳи   CASA-1000 сурат мепазирад.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар маросими ифтитоҳи татбиқи пружаи мазкур Эмомалӣ Раҳмон,раисҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва Сооронбой Жээнбеков,нахуствазири Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.

Сармоягузорони аслии ин тарҳ Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои саҳмгузорӣ дар бунёди хатти интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон изҳори омодагӣ кардаанд.

CASA-1000 яке аз тарҳҳои муҳими минтақавӣ аст, ки интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад. Арзиши умумии тарҳи CASA-1000 ҳудуди 1 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Интизор меравад, марҳилаи аввали бунёди CASA-1000 хатти интиқоли нерӯи барқи 500-киловаттӣ аз Даткаи Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон сохта ва системаи энержии ин ду кишварро ба ҳам пайваст кунад. Сипас, аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва тавассути ин кишвар ба шаҳри Пешовар дар шимоли Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ бунёд хоҳад шуд. 

35
Барчаспҳо:
хатти интиқоли барқ, тарҳ, ифтитоҳ, CASA-1000, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Эмомали Раҳмон, Сооронбой Жээнбеков, Навоз Шариф, Турсунзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
CASA-1000: аз моҳи май Тоҷикистон ба иҷрои тарҳ шурӯъ мекунад
Бритониё ба сармоягузори тарҳи CASA-1000 алоқаманд аст
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

386
(Таҷдидшуда 10:04 25.05.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз ҷумъа охири ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1400 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1440 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.1875 то 11.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.Дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1450сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1400 то 0.1450 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1420 то 0,1455сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

386
Доллары, архивное фото

Танҳо дар 4 моҳ: Тоҷикистон ба маблағи беш аз 7 миллион доллар кумак дарёфт кард

178
(Таҷдидшуда 13:23 23.05.2020)
Аз миёни кишварҳои имдодрасон, ки давоми 4 моҳи ахир ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона ирсол намуданд, Ӯзбекистон дар мақоми аввал қарор дорад

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Давоми чор моҳи ахири соли равон ба Тоҷикистон аз ҷониби 43 кишвар, кумакҳои башардӯстона ирсол гардид, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Ба иттилои манбаъ, кишварҳои имдодрасон ба Тоҷикистон  ба маблағи 7,7 миллион доллар кумак фиристодаанд.

Дар чор моҳи ахир, Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор тонна кумакҳои гуманитариро дарёфт кард. Кумакҳои ирсолшуда аз орду равған, доруворӣ, маводҳои тиббӣ ва дигар маҳсулотҳо иборат буданд.

Кумаки башардӯстона: Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маводи доруворӣ гирифт

Зимнан, аз миёни кишварҳои кумакрасон ба Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мақоми аввал қарор дорад. Зеро танҳо дар чор моҳи ахир, Тоҷикистон аз ҳамсоякишвари Ӯзбекистон ба маблағи 2,5 миллион доллар кумакҳои башардӯстона дарёфт кард.

Дар мақоми баъдӣ Чин қарор дорад. Саҳми ин кишвар дар расондани кумак ба Тоҷикистон ба 2 миллион доллар баробар аст.

Федератсияи Русия дар феҳрасти кишварҳои имдодрасон мақоми сеюмро касб мекунад. Дар давоми 4 моҳ, Русия ба маблағи 865 ҳазор доллар ба Тоҷикистон кумакҳои гуманитарӣ ирсол намудааст.

178
Барчаспҳо:
кумак, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пассажирский самолет вылетает из аэропорта города Красноярска

Даҳҳо тоҷики депортшуда аз Русия ба ватан баргаштанд: интиқоли шаҳрвандон идома дорад

0
(Таҷдидшуда 11:43 25.05.2020)
Ҳавопаймое, ки даҳҳо шаҳрвандони депортшударо аз Русия ба Тоҷикистон интиқол дод, аз бозгашт омӯзгорони русро ба ватани онҳо бурд

ДУШАНБЕ, 25 мая — Sputnik. Шаби гузашта тавассути ҳавопаймои "Ют - Эйр" даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бинобар авҷ гирифтани маризии коронавирус ва баста шудани равобити ҳавоӣ дар Русия дармонда буданд, ба ватан интиқол ёфтанд.

Миёни мусофирони ин ҳавопаймо теъдоди афроди депортшуда аз Русия низ кам набуд.

Гуфта мешавад, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бозпас ба пеши хешу пайвандони худ баргаштанд, чиптаи ҳавопаймоиро худ харидорӣ намуданд.

Зикр мегардад, ки ҳавопаймои мазкур аз бозгашт омӯзгорони русро, ки дар Тоҷикистон ба таълими забони русӣ машғул буданд, ба ватани онҳо интиқол дод.

Росавиатсия мушкилии интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистонро тавзеҳ дод

Рӯзҳои наздик боз ду парвози дигар барои интиқоли  шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ҳамин тавр, рӯзи сешанбе, 26 май, парвозҳо дар масири Душанбе - Красноярск ва Душанбе - Екатеринбург сурат мегирад.

Минбаъд, тибқи ҷадвали пешакӣ, 29 май парвози № SVR8424 аз Душанбе ба Маскав сурат мегирад. Ҳавопаймо соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ ба Русия парвоз мекунад.

Ғайр аз ин, 30 май соати 19:00, парвози № SVR8880 самти Душанбе - Санкт-Петербург сурат хоҳад гирифт.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, шаҳрвандон, интиқол, ҳавопаймо