Бофандагони тоҷик ба Қирғизистон рафтанд

Обуна шудан
Дар доираи сафари ҳайати бофандагони тоҷик, ки аз 13 корхонаи дӯзандагию бофандагӣ иборат аст вохӯрӣ бо намояндагони вазорати иқтисодии Қирғизистон, ассосиатсияи саноати сабук ва дизайнерон дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ ва бофандагии Тоҷикистон аз 25 то 29 майи соли 2016 ба Қирғизистон сафар мекунанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Намояндагии байналмиллалии тиҷорат дар ҷумҳурӣ.

Намояндагони 13 корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ҳамроҳ бо намояндагони ду донишгоҳи Тоҷикистон аз якқатор корҳонаҳои ҶҚ бо мақсади омӯзиши саноати бофандагии ин кишвар ва тақвият додани таҷрибаи корӣ дидан мекунанд.

Дар баробари ин ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони вазорати иқтисодии Қазоқистон, ассосиатсияи саноати сабук, фэшн-дизайнерон ва намояндагони донишгоҳи давлатии техникии Қирғизистон вохӯрӣ доир менамоянд.

Ҳадафи сафар ин барқарор намудани алоқаҳои нави ҳамкорӣ ва ташкил кардани шароитҳои муносиб барои ҳамкориҳои ду кишвар арзёбӣ мегардад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0