Сохтмони нақби НБО Роғун. Акс аз бойгонӣ

Мубориза барои НБО Роғун идома меёбад. Дар Сочи.

83
Рӯзи 21 июл профессор Марат Зоҳидов дар Сочи дар конфронси байналмиллалӣ бахшида ба хатарҳои ҳолатҳои фавқуллода ва техногенӣ бо гузориши худ дар бораи таҳдиди Роғун баромад хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Олим муқобили сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун буда бовар дорад, ки сохмони нерӯгоҳ ба Узбакистон ва Тоҷикистон зарари ҷуброннопазир дорад.

Назари худро дар бораи хатари ин нерӯгоҳ олим дар конфронси илмӣ, ки дар шаҳри Сочи баргузор мегардад, пешниҳод хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар бораи номае, ки ВКХ Узбакистон ба ҳукумати Тоҷикистон равон намудааст, маълум гардид.

Сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар номаи худ ба нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  аз ҷумла гуфтаст, ки як қатор пажӯҳишҳо дар макони сохтмон аз ҷумла таҳқиқот таҳти раёсати Бонки Ҷаҳонӣ хатари Роғунро ба минтақаи Осиёи Марказӣ исбот кард.

Қабалан хабар дода шуд, ки Salini Impregilo S.p.A.,-ширкати итолиёвӣ, ки дар озмуни тандери сохтмони Роғун ғолиб омада буд нақша дорад,  ду агрегати аввалини нерӯгоҳро соли 2018 ба кор омода намояд.

Узбакистон аз мухолифони ашадии сохтмони неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон ба шумор меравад.

83
Барчаспҳо:
гузориш, хатар, таҳдид, сохтмони Роғун, НБО "Роғун", Марат Зоҳидоа, Тоҷикистон
Мавзуъ
ВКХ Узбакистон: НБО Роғун ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хатар дорад
Коршинос: агрегати 1-уми Роғун на қабл аз соли 2022 сохта мешавад
Агрегати аввалини Роғун соли 2018 ба кор медарояд
Цистерны для нефтепродуктов, архивное фото

“Худӣ”: дар Тоҷикистон истеҳсоли нафт афзоиш ёфтааст

365
Вазорати энерживу оби Тоҷикистон мегӯяд, истеҳсоли нафт дар ин кишвар тайи нимсолаи аввал ҳудуди 8% афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Шарифа Худобахш, муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, тайи нимсолаи аввали соли равон дар кишвар чизе бештар аз 12 ҳазор тон нафт тавлид ёфтааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 810 тон зиёд аст.

“Тавозуни ҳарсола нишон медиҳад, ки истеҳсоли нафт сол ба сол афзойиш меёбад. Тавлидгарони нафти Тоҷикистон ширкатҳои ватанӣ ҳастанд, ки тибқи имконоти худ истеҳсолро ба роҳ мондаанд. Ҳоло мо бар инем, ки дар оянда сармояи хориҷиро ба ин соҳа ҷалб кунем. Вазорат дар ин самт кор мекунад, зеро соҳаи нафту газ як соҳаи маблағталаб аст. Сармоягузор дар ҷое, ки нафти кофӣ нест, сармоя намегузорад. Аммо ба ҳар ҳол ширкатҳое ҳастанд, ки омодаи ҳамкориянд. Умедворем, пас аз пандемия онҳоро низ ҷалб кунем”, - гуфт Шарифа Худобахш.

Соли гузашта Раёсати геологияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар кишвар дар чуқурии 3 – 5 ҳазор метр захираҳои бузурги нафту газ кашф шуда, теъдоди конҳо ба 20 адад дакка мехӯрад. Бино ба ин манбаъ, захираҳои нафт 2 миллион тон ва газ 3 миллиард метри мукаабро ташкил мекунад. Дар гузашта ширкатҳои ҷаҳонии “Газпром” ва “Тетис – петролиум” дар ҳавзаҳои ҷанубии Тоҷикистон ба омӯзиши захираҳо кор карданд.

Муовини вазири энерживу оби Тоҷикистон мегӯяд, ин ширкатҳо на бо истихроҷ, балки корҳои омӯзишӣ машғул буданд.

“Он вазифае, ки пешашон гузошта шуда буд, иҷро карда, рафтанд. Дар соҳаи истихроҷи газ ҳоло пешрафти намоёне надорем, аммо бо истихроҷи нафт дар Тоҷикистон ширкатҳои тоҷикӣ бо сармояҳои худ машғуланд”, - гуфт Шарифа Худобахш.

Бино ба иттилои вазорати энерживу об, дар Тоҷикистон 7 ширкат, ба шумули “Нафту газ”, “Салоса”, “Сетос”, “Азизӣ”, “Петролиум Суғд” дар истихроҷ ва “Сомон-ойл” дар иктишофу омӯзиши нафт кор мекунанд.

365
Барчаспҳо:
нафткаш, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

502
(Таҷдидшуда 08:27 13.07.2020)
Қурби доллар чи дар бозори ҷаҳон ва чи дар бозори асъори Тоҷикистон боло ва қурби рубл бошад, рӯз то рӯз паст мешавад

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз дар оғози ҳафтаи навин арзиши асъори хориҷиро нисбат ба пули миллӣ эълом кард

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1442 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6386 то 12. 0500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Иқтисодшиносон аз коҳиши арзиши рубл ва гарон шудани доллар ҳушдор медиҳанд

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1465 то 0,1490 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бо доллар кор мекунӣ, муҷозот мешавӣ: додгоҳ раиси ширкати “Тоҷикояндасоз”-ро ҷарима кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

502
Барчаспҳо:
евро, доллар, сомонӣ, рубл, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

0
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон