Даромадгоҳи маркази конгресси Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар рейтинги рақобатпазирӣ мавқеашро се зина беҳтар кард

25
(Таҷдидшуда 12:26 28.09.2016)
Дар давоми як сол нишондодҳои иқтисодии Тоҷикистон аз ҷиҳати рақобатпазирӣ беҳтар шуда, дар ҷои 77-ум қарор гирифт. Аз байни кишварҳои ОМ Тоҷикистон дуюм мебошад.

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ оид ба рақобатпазирии иқтисодӣ  барои солҳои 2016-2017 рейтинги худро нашр кардааст.

Тоҷикистон бо 4.1 хол аз байни 138 кишвари ҷаҳон дар мақоми 77-ум қарор гирифт. Мувофиқи нишондодҳои соли пешин Тоҷикистон дар ҷойи 80-ум буд.

Тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мушкилоти асосие, ки боиси рушд накардани иқтисод дар кишвар мегарданд, андози баланд, беқурбшавии пул, дастрасӣ ба маблағгузорӣ, танзими қурби асъори хориҷӣ ва коорупсия мебошанд.Қазоқистон дар рейтинг мақоми 53-юмро аз худ карда,

Қирғизистон дар ҷойи 111-ум қарор дорад. Дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раддабандӣ вуҷуд надоранд. Русия  мақоми 43-юмро намояндагӣ мекунад.

Дар радабандии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Шветсария пешсаф буда, баъди ин кишвар Сингапур, ИМА, Голландия ва Олмон қарор гирифтанд.

Тибқи маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мушкилоти асосие, ки боиси рушд накардани иқтисод дар Тоҷикистон мегарданд, андози баланд, беқурбшавии пул, дастрасӣ ба маблағгузорӣ, танзими қурби асъори хориҷӣ ва коорупсия мебошанд.

25
Барчаспҳо:
коорупсия, се зина беҳтар, зинаи 77-ум, андозбандӣ, Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Мақоми севвуми Тоҷикистон аз рӯи баландтарин андоз
WEF: Тоҷикистон – дуюмин кишвари рақобатпазири ОМ
Чемодан с деньгами, архивное фото

Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои рушди тиҷорат ва нақлиёт 132 миллион доллар медиҳад

41
Маҷмӯи сармоягузорӣ ба инфрасохтори нақлиёт ва муосиргардонии расмиёти гумрукӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бозорҳои содиротӣ созмон диҳад ва барои соҳибкории хусусӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварад, мегӯяд Бонки ҷаҳонӣ.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои густариши тиҷорати наздисарҳадӣ ва беҳтар кардани ҳамлу нақл 132 миллион доллар грант медиҳад, иттилоъи медиҳад, намояндагии ин ниҳоди молӣ.

Гуфта мешавад, Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории грантии марҳилаи чоруми "Барномаи беҳбуд бахшидани роҳсозиро дар Осиёи Марказӣ" тасдиқ кардааст.

Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ, 131 миллион долларро Ассотсиатсияи байналмилалии рушд таъмин медиҳад ва як миллион долларро Фонди Трастии “Барномаи Савдо ва Алоқаи Осиё” илова мекунад.

"Дар мавзеи баландкӯҳ, ки баромад ба баҳр надорад ва алоқаи маҳдуд дорад, Тоҷикистон ба гаронтарин хароҷоти нақлиёт ва савдо дар Осиёи Марказӣ рӯбарӯ аст" гуфт Ян-Питер Олтерс, роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.

Вай таъкид намуд, ки маҷмӯи сармоягузориҳо ба инфрасохтори нақлиёт ва осонгардонии расмиёти гумрукӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бозорҳои содиротиро роҳандозӣ кунад ва барои соҳибкории хусусӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварад.

Таъкид шудааст, маблағҳо барои баланд бардоштани устуворӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳ дар вилояти Суғд ва ВМКБ равона карда мешаванд.

Ҳамзамон бо мақсади мусоидат ба тиҷорати наздисарҳадӣ, навсозии платформаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Хадамоти гумрук пешбинӣ шудааст.

41
Добыча золота

Вазорати молия гуфт, ба чанд нафар барои истихроҷи тилло иҷозат дод

93
(Таҷдидшуда 11:47 04.08.2020)
Вазорати молия тоҷикистон мегӯяд барои истихроҷи инфиродии сангҳои қимматбаҳо ба беш ду ҳазор нафар иҷозатнома додаанд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои ин ниҳод, сар аз моҳи гузашта комиссияи вижаи Вазорати молия ба 2419 иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои пошхӯрда иҷозат додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, сокинон пас аз коркард ва ба даст овардани тилло онро ба нуқтаҳое, ки барои харид омода шудааст, мефурӯшанд.

Ба иттилои вазорат ҳоло дар кишвар зиёда аз 10 нуқтаи хариди металлҳои қиматбаҳо кушода шудааст ва дар ин давра, ин нуқтаҳо аз аҳолӣ 5,3 кг тилло харидаанд.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд бидуни пешниҳоди ягон ҳуҷҷат металҳои қиматбаҳоро фурӯшанд.

Ёдовар мешавем, қаблан Оймаҳмадзода Илҳомҷон, роҳбари Саридораи геологияи тоҷик  гуфт бо дастури ҳукумат, то имрӯз дар кишвар 145 қитъаро муаян кардаанд, ки сокинон метавонанд дар он ҷой тилло шӯянд.

Ба иттилои манбаъ,  ин минтақаҳоро  дар ҳудуди 900 киллометир дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Бохтар, Ванҷ, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Масчоҳи кӯҳӣ, Муминобод ва Мурғоб ҷудо кардаанд.
Ӯ гуфт, барои фаъолияти фардии тиллошӯйӣ баъзе талаботҳо ҳаст, ки яке аз он техникаи истифодашаван набояд аз 50 қувваи асп зиёд набошад.

Тоҷикистон ба истихроҷи тиллои пошхӯрда дубора оғоз кард

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон низ гуфта буд, ки тарҳи ироаи иҷоза ба шаҳрвандон бобати истихроҷи тилло ва дигар фулӯзоти қиматбаҳо бо ибтикори раисҷумҳури кишвар таҳия шуда, ба шаҳрвандон ҳуқуқи истихроҷи мустақилли тиллоро хоҳад дод. Барои ин шаҳрвандонро мебояд танҳо аз вазорати молия иҷоза дарёфт кунанд ва бар асоси он дар ҷойҳое, ки дар ихтиёри ягон ширкат нест, метавонанд тилло истихроҷ кунанд.

93

Сурудхонии саг дар Ҳиндустон корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ваҷд овард - навор

0
(Таҷдидшуда 14:55 04.08.2020)
Сурудхонии нависанда аз Мумай бо ҳамроҳии сагаш, ки Зои ном дорад аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хуб пазируфта шуд ва баҳси гармеро ба миён овард

Роҳит Наир навори сурудхонии худ бо сагаш Зои сабт намуда дар сабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст. Ин навор аз ҷониби садҳо нафар бозбинӣ ва писандида шуд.

Ба саёҳати дунё бо дучарха ва саг

Дар навор Наир суредеро замзама мекунад ва саг ҳам дар ҳамовозӣ бо ӯ садояшро баланд мекунад.

 Корбарон истеъдоди ҳайвони хонагиро баланд арзёбӣ арзёбӣ мекунанд.

Қаблан низ Ноир сабтти дигари ҳунарнамоии худ ва сагашро нашр намуда буд ва изҳор дошт, ки онҳо кам кам суруд мехонанд ва аслан дар вақтҳое, ки "сиёсатро баҳс намекунанд" ба зам замаи суруде мепардозанд.

0
Барчаспҳо:
навор, суруд, саг, Ҳиндустон