Ҷаласаи аввалини Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Дар ИМА аввалин ҷаласаи Шӯрои тироҷатии ИМА-Тоҷикистон баргузор гардид

19
(Таҷдидшуда 17:03 10.10.2016)
Ҷонибҳо ба кори ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон, ки дар оянда ба рушди соҳаҳои тиҷоратии кишвар равона мешавад, баҳои баланд доданд.

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik.  Ҳайати Тоҷикистон рӯзҳои охири ҳафтаи гузашта  дар ҷаласаи Шӯрои тиҷоратии ИМА-Тоҷикистон ширкат варзиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҷониби Тоҷикистонро  ҳайати расмии кишвар Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, сафири ҶТ дар ИМА Фарҳод Салим ва дигарон намояндпагӣ карданд.

Ҳайати ИМА аз директори бахши робита бо ҷомеа ва рушди тиҷорати байналмилалии ширкати кишоварзии "AGCO", раиси Шӯрои мазкур  — Филип де Леон, ёвари намояндаи тиҷоратии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ-Майкл Делейн ва дигарон иборат буд.

Намояндагони ҶТ бо ҳайати доираҳои тиҷоратии ИМА оид ба талошҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ, кафолатҳо барои сармоягузорони хориҷӣ ва соҳаҳои муҳими иқтисодиёт муфассал маълумот манзур намуданд. Ҷонибҳо таъсиси Шӯрои мазкурро барои густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни ИМА ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ карда, омодагии хешро ҷиҳати вусъат додани фаъолияти Шӯрои тиҷоратӣ изҳор намуданд.

19
Барчаспҳо:
тиҷорат, ҳамкорӣ, ҷаласа, Филип де Леон, Абдусалом Қурбониён, Вашингтон, ИМА
Мавзуъ
ИМА гузаргоҳи нави сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон сарпарастӣ мекунад
ИМА ба сарҳадчиёни тоҷик автомобил ва воситаҳои техникӣ тӯҳфа кард
Моҳиҳо, акс аз бойгонӣ

"Форел" бо шиногоҳ - яке аз иншооти ҷашнӣ дар Хуҷанд

278
(Таҷдидшуда 18:10 27.09.2020)
Аз ҷумлаи иншооте, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд бунёд мешаванд, тарабхонаи “Форел” дар соҳили рости дарёи Сир арзёбӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо раванди сохтмони тарабхонаи “Форел” дар соҳили Сир шинос шуд.

“Тарабхонаи “Форел” барои ҷалби сайёҳон бахусус хориҷиён нигаронида шуда, дар атрофи он барои шаҳрвандон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла бунёди як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, муассиси ширкати “Форел” Муҳсин Шодиев буда, иншоот аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, дар масоҳат 960 метри мураббаъ сохта мешавад.

Ба иттилои котиботи шаҳрдорӣ, тарабхонаи “Форел” дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи 2021 мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Зикр гардид, ки алҳол дар иншоот наздики 30 нафар фаъолият доранд ва баъди истифодадиҳии он беш аз 25 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти ширкати “Форел” ҷиҳати суръатбахшии босифати корҳо дастуру супоришҳо дода, баҳри ободонии атрофи он, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ машварат дод. Таъкид шудааст, ки атрофи иншоот пурра тоза карда шуда, барои мардум шароити созгори истироҳату фароғат дар соҳили дарёи Сир муҳайё гардад.

278
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод

Холод хатари коҳиши ҳосили картошкаро дар Тоҷикистон шарҳ дод

276
(Таҷдидшуда 16:04 27.09.2020)
Коҳиши ҳосили картошка дар Тоҷикистонро доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон зиёда аз 227 ҳазор тонна картошка ҷамъ оварданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 78 ҳазор тонна (ё 25%) камтар аст, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.

Коҳиш ёфтани ҳосили картошка дар Тоҷикистонро, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Федератсияи Русия Леонид Холод инро хабари бад номида гуфт, ҷумҳурӣ ба ин сабзавот вобастагии зиёд дорад.

Иқтисодшинос гуфт, ки чунин вазъ метавонад дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ низ ба амал ояд, зеро шароити табиӣ тақрибан якхела буда, сатҳи кишоварзӣ низ ба ҳамин монанд аст. Дар чунин шароит, нархҳо ва имкониятҳои содиротии ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ маҳдуд хоҳанд шуд.

"Тибқи қонунҳои муқаррарии бозор, коҳиш ёфтани истеҳсоли ватанӣ ва бад шудани шароити беруна бевосита ба болоравии нархҳо дар бозор оварда мерасонад. Зеро ҳаҷми истеъмоли маҳсулот, ки яке аз маҳсулоти асосӣ мебошад ва маҳсули талаботи сершумор аст, наметавонад хеле кам шавад”, - гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

Тибқи гуфтаи иқтисодшинос, коҳиши ҷиддии ҳосилнокӣ, метавонад ба бесуботии нарх дар бозор ва ҳамзамон ба воҳима оварда расонад, ки чунин ҳолат хавфнок хоҳад буд.

Ба таъкиди ӯ мақомоти давлатиро лозим аст, ки бозор ва динамикаро аз наздик назорат кунанд ва дар сурати болоравии шадиди нархҳо, диққат диҳанд ва тафтишот гузаронанд.

Илченко: Истеҳсоли картошка барои кишвар вазифаи стратегӣ аст

Номбурда гуфт, бо вуҷуди вазъи мавҷуда, мардум набояд ба вохима афтанд ва харидории зиёд кунанд, зеро дар бозор картошкаи нав пайдо мешавад, ки бояд нархҳоро устувор созад.

276
Барчаспҳо:
истеҳсол, бозор, нарх, картошка, Тоҷикистон
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото

Таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 кушта барҷой гузошт

0
(Таҷдидшуда 18:55 28.09.2020)
Музофоти Қундузи Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, минаи сарироҳӣ инфиҷор шудааст. Дар натиҷа чанд кас бар асари таркиш ҷон бохтанд

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дасти кам 4 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад шабакаи Shamshad News.

Ба иттилои манбаъ, таркиш дар вулусволии Алиобод дар музофоти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.

Бар хабари маълумоти расмӣ, минаи сарироҳӣ асное ба кор даромад, ки воситаи нақлиёт убур кард. Ба эҳтимоли зиёд, минаро Ҷангиёни ҳаракати Толибон гузошта буданд.

Ҳушдори гурӯҳи Толибон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Афғонистон

Пизишкон фавти чаҳор нафаро расман тасдиқ намуданд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар аз ҳалокати 6 нафар хабар доданд.

Алъон ҷангиёни Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтанд.

0
Барчаспҳо:
мина, таркиш, Афғонистон