Владимир Савченко, мудири куллии Шӯрои иқтисодии ИДМ

Савченко: Тоҷикистон хостгоҳи хушмаззатарин зардолу ва чормағз дар ҷаҳон аст

169
(Таҷдидшуда 16:37 15.03.2017)
Владимир Савченко, мудири кулли Маркази рушди иқтисоди Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд, Тоҷикистонро хостгоҳи хушмаззатарин зардолу ва чормағз дар ҷаҳон донист

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Владимир Савченко дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳошияи 73-умин нишасти Шурои иқтисодии Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд, ки 17 март дар Маскав баргузор мешавад, бо шаш корофарин аз Тоҷикистон дидор хоҳад кард.

Вай гуфт, ин корофаринон мехоҳанд бо фурӯшгоҳҳои занҷираии Русия дар заминаи хариду фурӯши фаровардаҳои кишоварзӣ ҳамкорӣ кунанд.

Савченко афзуд: "Агар дар бораи кишоварзӣ сухан гӯем, дар Тоҷикистон беҳтарин навъи зардолу ва чормағз дар ҷаҳон парвариш карда мешавад. Ман 17 март бо шаш корофарин аз Тоҷикистон дидор мекунам. Онҳо мехоҳанд бо фурӯшгоҳҳои занҷираии Русия ҳамкорӣ кунанд. Порсол мо ҳамкории корофаринони тоҷикро бо ширкати "Баскин Роббинс" ба роҳ мондем".

Вай ҳамчунин гуфт ки дар ҷаласаи Шурои иқтисодӣ намояндагони саноъеи нассоҷӣ, барқ ва бонкдории Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард ки хостори ҳамкорӣ бо ширкатҳои Русия ҳастанд.

Қарор аст дар ин ҷаласа масоъили ташкили бозори кор ва танзими ҷараёни нерӯи корӣ, ҳамкорӣ дар заминаҳои нерӯи атомӣ, тавлидоти навоварона баҳсу баррасӣ шаванд.

169
Барчаспҳо:
чормағз, зардолу, Иттиҳодияи кишварҳои ҳамсуд, Шурои иқтисодӣ, Владимир Савченко, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Русия ва Қазоқистон хостори ҳамкорӣ бо "Сафед-Дара" шуданд
Перм ва Нижний Новгород хостори ҳамкорӣ бо ПСС-и Тоҷикистон мебошанд
"Роҳи оҳани Русия" барои интиқоли мева аз Тоҷикистон тахфиф ҷорӣ намуд
Селевой поток

Беш аз 42 миллион сомонӣ зарари ҳодисаҳои фавқулода дар вилояти Суғд

71
(Таҷдидшуда 16:37 08.07.2020)
Давоми ним сол дар қаламрави вилояти Суғд 260  ҳодисаҳои фавқулодда ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 64 нафар ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Ҳодисаҳои табиӣ ва техногенӣ дар 6 моҳ ба иқтисодиёти вилоят 42  миллиону 986 ҳазору 544 сомонӣ зарар овраданд, хабар медиҳад КФҲ бо такя ба полковник Додиён Баҳром Одина – Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2019 дар ҳудуди вилоят 322 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти гуногундошта ба амал омада буд, ки бар асари онҳо 82 нафар ҷони худро аз даст дода буданд.

Полковник Додиён, дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи Раёсат, гуфтааст, ки дар шашмоҳои аввали соли 2019 ҳодисаҳои фавқулода ба иқтисодиёти вилоят  12 миллиону 703 ҳазору 773 сомонӣ зарар оврада буд.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи якуми соли 2020 дар ҳудуди вилоят 4 (чор) ҳодисаи фавқулоддаи хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 4 (чор) ҳодиса кам мебошад.

Аз ҷумла, рӯзҳои  8-9 апрели соли 2020 дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва хунукии сахт ба соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Ашт ва Куҳистони Масчо ба маблағи умумии 32 миллиону 78 ҳазору 400 сомонӣ зарар расид. 343 гектар замини кишти картошка, 13,796 гектар боғу токзор, 0,0002 гектар майдони кишти сабзавот нобуд шуд. 

29 апрел бошад борон ва сел дар ноҳияи Масчо як нафарро ба ҳалокат расонд ва ба хоҷагии халқ  8 миллиону 490 ҳазору 574 сомонӣ зарар овард. 

Зикр гардид, ки аз ҳаҷми умумии зарар 38 миллиону 787 ҳазору 300 сомонӣ хисорате буд, ки ба соҳаи кишоварзии вилоят расид.

71
Барчаспҳо:
зарар, ҳодисаи табиӣ, ҳодиса, миллион, Суғд
Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

255
(Таҷдидшуда 12:06 08.07.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 8 июи соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз 1 рубли русӣ — 0.1425 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3093 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6433 то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1425 то 0.1460 сомонӣ арзиш дорад.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3093 сомонӣ, 1 евро – 11.6433 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1425 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

255
Барчаспҳо:
БМТ, Тоҷикистон, сомонӣ, рубл, қурби асъор
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

0
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров ширкати филми коргардон Давлат Имомалиро дар Ҷашнвораи синамои мусалмонон дар Қазон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Филми нави ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ "Кӯчаи умед - 612" ба 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонӣ дар Қазон, даъват шуд.

Чунин таваҷҷӯҳ ба филми Далер Имомалӣ хабари хушоянд аст, гуфт сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта коргардони тоҷик аллакай як филми худро дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта буд.

Ба фикри Далер Худоназаров филми Далери Имомалӣ бисёр унвони зебо ва ғайриоддӣ дорад - "Кӯчаи умед - 612". 

"Қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов - шахсияти илмӣ, намояндаи бузурги фарҳанги тоҷик. Ӯ фаъолияти касбияшро дар шӯъбаи философияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда буд. Баъдтар киношинос ва мунаққид шуд. Ҳамаи даҳсолаҳо ӯ дар мавқеъи худ устувор буд. Ба муносибати шахсӣ бо он ё ин коргардон нигоҳ намекарда, ӯ доим рост ва он чиро, ки эҳсос мекард, егуфт ", - гуфт Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки корҳои Раҳимов ба беҳтар шудани сифати синамои "Тоҷикфилм" таъсири мусбат кард.

Худоназаров ҳамчунин баргузории 16-умин ҷашнвораи Қазонро воқеъаи хушоянд арзёбӣ карда, гуфт аз як тараф ин ҷашнвора ҳамаи синамогарони мусалмонро якҷо ҷамъ меорад ва аз сӯи дигар барои ҳамагон кушода аст.

Дар баробари ин Худоназаров бар ин аст, ки ҷашнвора метавонад миқёси худр бо филмҳои минтақавии Русия васеътар кунад. Ба гуфти ӯ, филмҳо аз ҳар минтақа бозгукунандаи симои ҳар минтақа шуда барои ошноӣ бо онҳо заминаи хубе хоҳанд буд.

0
Барчаспҳо:
ҷашнвораи кино, Қазон