Фурӯшандаҳои Хуҷандро нархи дулор нигарон кардааст: "картошка 5 сомонӣ"

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкБозори Шоҳмансур, акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансур, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз ҳар як килуграм картошка ё себзаминиро дар бозори Панҷшанбе ба 5 сомонӣ мефурӯшанд. Дар посух ба пурсишҳо аз далели гаронии себзаминӣ фурӯшандаҳо ба афзоиши нархи дулор ишора мекунанд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Чуноне ки хабаргузории СМ-1 аз Хуҷанд гузориш медиҳад, имрӯз дар бозорҳои шаҳр нархи як килуграм картошка ба 5 сомонӣ расидааст.

Тибқи ахбори манбаъ, қаблан дар охирҳои моҳи март ҳар килу себзаминӣ дар ин бозор аз 3 то 3,5 сомонӣ арзиш доштааст. Яъне дар ду ҳафта ин сабзавот якбора ду сомонӣ гаронтар шуд.

Дар моҳи март фурӯшандаҳо далели гарон шудани нархи картошкаро камбуди он дар анборҳои Суғд гуфта буданд. Аммо акнун мегӯянд, нархи дулор афзуда ва картошкаро ҳам гарон кардааст.

Чуноне ки ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, нархи картошка ё себзаминӣ  дар ноҳияҳои атрофи Хуҷанд низ гарон шуда, 4,5 сомониро ташкил додааст.

Дар шаҳри Душанбе низ имрӯз нархи як килуграм картошка 4,5 сомонӣ аст. Ин афзоиш дар ҳолест ки  як моҳ пеш картошка дар саросари кишвар камёб шуда буд ва дар бозорҳои шаҳри Душанбе ҳар килуграм то 4 сомонӣ хариду фурӯш мешуд.

Фурӯшандагон далели гарон шудани нархи себзаминро баста шудани роҳи Душанбе — Чаноқ гуфта буданд.

Аммо имрӯз дар худи маркази вилояти Суғд нархи картошка ба "осмон" расидааст.

Лентаи хабарҳо
0