Продажа фруктов на душанбинском рынке Шохмансур. Архивное фото

Бар хилофи қарори шаҳрдорӣ: нархҳо дар бозорҳои Душанбе ва Хоруғ гарон шуданд

216
(Таҷдидшуда 14:18 29.05.2017)
Нархи як килуграм себзаминӣ аз 4 то 5 сомонӣ гарон шуда ва фурӯшандаҳо нархи помидорро, ки пештар 4 сомонӣ буд, то 7 - 10 сомонӣ гарон кардаанд. Ҳар килуграм помидор дар Хоруғ 23 сомонӣ арзиш дорад

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон бар хилофи дастури шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ нархи маҳсулот дар бозорҳои Душанбе гарон шуд.

Чунин вазъ на танҳо дар фурӯшгоҳҳои пойтахт, балки дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон низ мушоҳида мешавад.

Пештар хабар дода шуд, ки бо мақсади пешгирӣ аз гарон шудани нархи маҳсулот дар бозорҳо, фурӯшандаҳо ва кишоварзон аз пардохти молиёти рӯзона озод карда мешаванд.

Шаҳрдори Душанбе барои ғанӣ гардондани бозорҳои пойтахт аз маҳсулот ва пешгирӣ аз гарон шудани нархҳо қарор баровард. Дар ин росто раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар маҷлиси ҳукуматӣ, ки 26 май дар Кохи миллат баргузор шуд, раисҳои ноҳияҳоро муваззаф кард, ки аз гарон шудани нархҳо дар моҳи Рамазон пешгирӣ кунанд.

Шаҳрдории Душанбе дар назди бозорҳои "Меҳргон", "Қарияи боло" ва майдони назди Кумитаи сохтмону меъморӣ бозори фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил кардааст. Чуноне ки сокинони шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, нархи як килуграм себзаминӣ дар бозори Шоҳмансур аз 4 то 5 сомонӣ гарон шуда ва фурӯшандаҳо нархи помидорро низ гарон кардаанд. Агар қаблан як килуграм помидор 4 сомонӣ нарх дошт, акнун онро ба 6 сомонӣ мефурӯшанд. Бодиринг дар ин бозор килуе 3 сомонӣ ва қаламфур килуе 16 сомонӣ арзиш дорад.

Нархи меваҳои маҳаллӣ ҳам дар фалак аст: зардолу — 6 сомонӣ, олуча аз 8 то 12 сомонӣ қиммат дорад.

Чунин вазъ дар бозорҳои марказии шаҳри Хоруғ ва Рӯшон низ дида мешавад.

Чуноне ки яке аз сокинони шаҳри Хоруғ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, картошка, ки қаблан арзонтар буд, акнун 7 сомонӣ қиммат дорад. Дигар маҳсулот низ ҳамчунин гарон шудаанд.

Дар ноҳияи Рӯшон ҳар килуграм себзаминиро ба 7 сомонӣ ва ҳар килу помидорро ба 23 сомонӣ мефурӯшанд.

"Дар бозор картошка нест. Нархаш 7 сомонӣ буд. Вале ҳамонро ҳам ёфта наметавонем. Чанд рӯз пеш аз ноҳияҳои ҷанубӣ маҳсулот оварданд. Себзаминиро ба 4,5 сомонӣ харидему помидор 8 сомонӣ нарх дошт", — гуфт сокини ноҳияи Рӯшон Сабоҳат дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Моҳи феврал раисҷумҳур Раҳмон аз аз амалкарди мудирони бозорҳо шадидан интиқод кард ва онҳоро муттаҳам ба ҳамдастӣ бо гаронфурӯшҳо карда буд.

216
Барчаспҳо:
помидор 23 сомонӣ, болоравии нарху наво, ВМКБ, Душанбе
Мавзуҳо:
Моҳи мубораки Рамазон - 2017 (25)
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон болоравии нарху наворо дар моҳи Рамазон пешгирӣ мекунад
Рустам Эмомалӣ дар моҳи шарифи Рамазон бозорҳои Душанберо ғанӣ мегардонад
Ведущий научный сотрудник Института экономики РАН Зарина Дадабаева

Дадабоева: Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳоло мушкили муҳоҷиратро ҳал намекунанд

210
(Таҷдидшуда 13:00 12.08.2020)
Муҳаққиқи Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои сиёсӣ Зарина Дадабаева шарҳ дод, ки оё имкон дорад бо кумаки Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷараёни муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Россия кам карда шавад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Зарина Дадабоева дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз Тоҷикистон захираҳои озоди корӣ асосан ба Русия барои кор мераванд.

Бо мақсади коҳиш додани ҷараёни муҳоҷират, дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил карда шуданд, ки ҳоло тавони коҳиши муҳоҷиратро надоранд, гуфт коршинос.

Ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ дар МОИ набояд аз 20% шумораи кормандон зиёд бошад ва барои кор дар ин минтақаҳо бояд шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб шаванд, илова кард Дадабоева.

"Дар тӯли ин муддат, тақрибан 800 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд, ки то ҳол ин мушкилро ҳал намекунад", шарҳ дод, мутахассиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои Русия.

Дадабоева иброз дошт, ки агар сармоягузорон ба минтақаҳои саноатӣ маблағгузорӣ кунанд, ин ҳам барои худи онҳо ва ҳам барои Тоҷикистон фоидаовар хоҳад буд ва чунин ҷараёни бузурги муҳоҷирони меҳнатӣ вуҷуд нахоҳад дошт.

Муовини вазир: дар МОИ “Кӯлоб” 4 ҳазор сокини шаҳр бо кор таъмин мешаванд

Бозгашт ба масъалаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коршинос қайд кард, ки онҳо дар савдои хориҷӣ, баланд бардоштани иқтисодиёт ва рушди саноат дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда нахоҳанд дошт.

210
Барчаспҳо:
кор, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, иқтисод, муҳоҷират, Тоҷикистон
Денежные купюры США

Низоми тандурустии Тоҷикистон аз буҷа 25 миллион доллар кам пул гирифт

135
(Таҷдидшуда 12:46 12.08.2020)
Дар нимаи аввали соли 2020 ягон бахши давлатии Тоҷикистон 100% аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон маблағе, ки аз буҷаи кишвар пешниҳод мегардад, пурра нагирифтаанд.

Тибқи иттилои агентӣ, дар нимсолаи аввали соли 2020, ҳеҷ як бахши давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 100% маблағгузорӣ нашудааст.

Ҳамин тавр, дар соҳаи тандурустӣ, ҳатто бо назардошти давраи пандемияи коронавирус, танҳо 72,7% маблағи аслӣ равона шудааст.

Агентии омор шарҳ дод, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ 66,9 миллион доллар масраф шудааст, ки аз ҳаҷми нақшаи буҷаи давлатӣ 25 миллион доллар камтар аст.

Манбаъ мегӯяд, дигар соҳаҳо ба ҳисоби миёна 64% -и нақша маблағгузорӣ шудаанд.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз 950,5 миллион доллар зиёд аст, ки ин аз нақшаи ислоҳшуда 44,6 миллион доллар камтар мебошад.

135
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Вазорати молия, маблағ, буҷа, Тоҷикистон
Мужчина в защитной маске

Рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст: омори нави коронавирус дар Тоҷикистон

86
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 мавориди ҷадиди мубталошавӣ ба маризии сироятии коронавирус ошкор гардидааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Бо илова шудани 38 мавориди ҷадид, ки шабонарӯзи гузашта ба қайд гирифта шуд, теъдоди умумии гирифторон ба ин беморӣ 7950 нафарро ташкил медиҳад.

Бар хабари котиботи Вазорати тандурустии кишвар, дар муддати аз 30 апрел то санаи 13 августтеъдоди маризонро 7950 нафар ташкил дода, дар мамлакат 6741  (84,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтанд.

Фавти боз як дардманди коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

Вазорат таъйид намудааст, ки шабонарӯзи гузашта аз ин маризи нафаре фавт накардаст ва теъдоди қурбониён 63 нафар аст.

"Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 86 нафар гумонбарон қарор дошта, 45 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд", омадааст дар хабар.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

86
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон