Сохтмони нав дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Соҳибкорони Туркманистон ба Душанбе омада хона месозанд

138
(Таҷдидшуда 10:09 01.06.2017)
Соҳибкорон ва саноатчиёни Туркманистон барои шинос шудан бо фазои иқтисодӣ ва тарҳҳои саромягузории Тоҷикистон да Душанбе меоянд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Бино ба итттилоъи равобити умумии вазорати хориҷа сафари соҳибкорони туркман рӯзи 12 июн дар назар аст.

Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо раиси Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон Александр Дадаев мулоқот кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, текстил, хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва кимиёвиро муҳокима карданд.

Манбаъ меафзояд, ки намояндагони Туркманистон ҳамчунин дар коркарди маҳсулоти нафтӣ, кишоварзӣ, иштирок дар пружаҳои манзилӣ, иншоотҳои фароғатӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти сохтмонӣ хостори ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷик шуданд.

Дар баробари ин масъалаи ташкил намудани бизнес-форуми муштарак бо ширкати соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.

Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон  соли 2008 таъсис ёфта  16000 ҳазор аъзо дорад.

Пештар хабар дода будем, ки дар Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузоор мешавад. Дар назар аст, ки фарҳангиёни тоҷик аз 12 то 17 июн дар Туркманистон ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

138
Барчаспҳо:
соҳибкорони туркман, сафар ба Душанбе, Иттиҳоди иқтисодчиён, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Номи президенти “ҷадид”-и Туркманистон маълум шуд
Норозигии Туркманистон аз роҳсозии тоҷикону ӯзбекон: “дӯстӣ зарар мебинад”
Президенти Туркманистон бо рафти корҳои сохмонӣ дар роҳти оҳан шинос шуд
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Туркманистон шурӯъ гардид