Нерӯгоҳи Норак. Акс аз бойгонӣ

Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии бузургтарин нерӯгоҳи ҶТ $225 млн медиҳад

100
Созишнома дар бораи сармоягузории тарҳи таъмири нерӯгоҳи Норак рӯзи ҷумъа аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва намояндаи бонк Ян-Петер Олтерс имзо шуд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ тарҳи бозсозии нерӯгоҳи барқи обии Норакро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.

Созишнома дар бораи сармоягузории тарҳи таъмири нерӯгоҳи Норак рӯзи ҷумъа аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва намояндаи бонк Ян-Петер Олтерс имзо гардид. 225, 7 миллиюн дуллори Бонки Ҷаҳонӣ баро бозсозии нергоҳи Норак равона мешавад.

"Бо ин сармоягузорӣ ҳукумати Тоҷикистон се агрегат ва шаш автотрансформаторро иваз хоҳанд кард", — гуфт вазири молияи Тоҷикистон.

Чанде пеш аз Туркия барои нерӯгоҳи Норак трансформатори 450 мегаволт/ампер, ки вазни умумиаш 214 тонна аст оварда шуд. Ин нахустин трансформарори азимҷуссаест, ки дар хориҷи кишвар сохта шудааст. Пеш ивази трансформаторҳо аз ҳисоби захираи дохилӣ амалӣ мешуд.

Ин трансформатор дар доираи лоиҳаҳои таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Олмон ва Фаронса дар шаҳри Габзии Туркия сохта шудааст.

НБО Норак — нерӯгоҳест, ки дар наздикии шаҳри Норак, дар дарёи Вахш сохта шудааст. Нерӯгоҳ дорои яке аз баландтарин сарбандҳои ҷаҳонӣ — 300 метр мебошад.

Иқтидораш 3000 МВт мебошад. Барқистеҳсолкунии миёна дар як сол — 10700 ГВтч (дар солҳои 2007-2013). Аз нӯҳ агрегатҳое, ки ҳоло дар НБО мавҷуд аст аввалинаш соли 1972 ва охиронаш соли 1979 ба истифода дода шуда буд.

100
Барчаспҳо:
225 милюн дуллор, сармоягузорӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Туркия ба нерӯгоҳи Норак трансформатори 214 тонна овард
Нерӯгоҳи Норак ба панҷгонаи иншооти ғайриоддии ҷаҳонӣ шомил шуд
Умури бозсозии нерӯгоҳи Норак 95% анҷом шудаанд