Нафт. Акс аз бойгонӣ

Нархи нафту сӯзишворӣ гарон мешавад: назари коршинос ба қазияи Қатар

184
(Таҷдидшуда 15:47 05.06.2017)
Ба қавли корманди бонки Амонатгузории Русия Валерий Нестеров ҳамагуна вазъияти носозгор дар Ховари Миёна ба гароншавии нархи нафту сӯзишворӣ меорад

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Ҳодисеа, ки имрӯз Қатар бо он рӯ ба рӯ шуд, сабаби қиммат шудани нархи нафт мешавад, — мегӯяд таҳлилгар.

"Ба фикри ман пайдо шудани боз як манбаъи шиддат барои гарон шудани нархи нафт омили ҷиддӣ хоҳад буд", — гуфт дар суҳбат бо РИА Новости Валерий Нестеров.

Ӯ қайд кард, ки ин қазия барои гароншавиии баҳои нафту бензил асос мешавад.

"Ҳамагуна ҳаводиси носозгор дар Ховари Миёна ба гароншавии нархи нафт оварда мерасонад ".

Баҳои ҷаҳониии нафт дар ҳошияи қазияи Қатар рӯзи душанбе гарон мешавад.

То соати 12.01 (бо вақти Душанбе) нархи нафти навъи Brent барои моҳи август барои як баррел аз 0,98% — то 50, 44 дуллор қиммат мешавад барои моҳи июл бошад, баҳои нафти навъи WTI аз 1,03% то 48,15 дуллор баҳри як баррел гарон мешавад.

Қатар айбдоршавии худро бо як изҳороте дар бораи дахл кардан ба сиёсати дохилии кишварҳои арабӣ ва пуштибонӣ аз гурӯҳҳои тундрав рад мекунад.

"Давлати Қатар аъзои Шӯрои иттиҳоди кишварҳои Халиҷи форс мебошад ва оинномаи онро риоя мекунад, мустақилияти дигар давлатҳоро ҳурмат мекунад ва ба сиёсати дохилии онҳо дахолат намекунад. Ҳамчунин ҳамаи вазоифи худро дар баробари мубориза бо теруризм иҷро мекунад", — омадааст дар изҳороти Вазорати хориҷаи Қатар.

Субҳи рӯзи душанбе Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Иморати Муттаҳидаи Араб ва Миср дар бораи қатъи робитаҳои сиёсӣ бо Қатар эълом карданд. Ҳамчунин Аморати муттаҳидаи Араб дипломатҳои қатариро 48 соат ва мардуми ин кишварро 14 рӯз барои тарки хоки ин давлат мӯҳлат додааст.

184
Барчаспҳо:
нархи нафт, Қатар, Дар ҷаҳон
Мавзуъ
Раҳбари “Роснефт”: Русия бо камбуди бензин мувоҷеҳ мешавад
Дар Тоҷикистон арзиши сӯзишворӣ то 5 дарсад боло рафт
Бозори маводи сӯзишворӣ тайи 10 соли охир
Ҳалокати 4 нафар дар таркиши нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ дар Рӯдакӣ
Денежные купюры

Уфти рублу суқути доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро барои имрӯз эълон кард

249
(Таҷдидшуда 22:16 25.01.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тибқи нишондоди ин ниҳоди молии кишвар, арзиши рубл ба таври назаррас нисбат ба ҳафтаи гузашта коҳиш ёфта, уфти шабонарӯзи гузашта ба беш аз 1 сомонӣ мерасад.

ДУШАНБЕ, 26 янв— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1531 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ пас аз якбора боло рафтан дар соли гузашта, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7329 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1489 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1500
0,1530 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1500 то 0.1530 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1490 то 0,1550 сомонӣ нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки доллар дар соли 2021 чӣ қадар поин хоҳад рафт

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

249
Барчаспҳо:
сомонӣ, рубл, евро, доллар, қурби асъор, Бонки Миллӣ
Портфели, архивное фото

Таъйиноти кадрӣ дар бонки давлатии навтаъсиси Тоҷикистон

1816
(Таҷдидшуда 13:13 25.01.2021)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат мақомдорони баландпояи блоки иқтисодиро ба ҳайси аъзои бонки нави давлатии навтаъсис дар кишвар таъйин намуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат, Саъдӣ Қодирзода, ки роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро ба уҳда дорад, узви раёсати “Саноатсодиротбонк” таъйин гардидааст.

Инчунин Юсуф Маҷидӣ, ноиби вазири молияи Тоҷикистон низ узви раёсати “Саноатсодиротбонк” шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо дастури раисиҷумҳур,  тобистони соли гузашта дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд.

Раисиҷумҳур Бобозода Ҳокимшо Ҷурахонро раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии ҷумҳурӣ “Саноатсодиротбонк” таъйин карда буд, ки қаблан роҳбарии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукуматро ба уҳда дошт.

Бар асоси оиннома, дафтари марказии бонки ҷадид дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21 ҷойгир буда, дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ намояндагӣ дорад.

Таъсиси бонк дар пайи он сурат гирифт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба Ҳукумат дастур дод, то “барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад”.

1816
Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Тоҷикистон
Выборы президента Узбекистана

Санаи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд

351
Мақомоти Узбакистон санаи пешбинишудаи интихоботи президентӣ дар ин кишварро эълон карданд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Интихоботи навбатии президентӣ дар Узбакистон дар назар аст моҳи октябри соли равон баргузор шавад, менависад Sputnik Ӯзбекистон.

"Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон метавонад рӯзи якшанбеи даҳаи сеюми октябр баргузор шавад",-менависад, агентӣ.

Таъкид шудааст, ки санаи интихобот дар ҷаласаи фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар палатаи поёнӣ муҳокима карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, як рӯз пеш дар Ӯзбекистон ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он қайд карда шуд, ки ҳайати САҲА ва Бюро оид ба институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, ки интихоботи парлумониро мушоҳида кард, як қатор тағйироти мусбатро дар системаи миллии интихоботии кишвар эътироф кардааст.

Бояд қайд кард, ки дар Узбакистон номзадҳои президентиро танҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ кардан мумкин аст. Айни замон, дар кишвар панҷ ҳизби сиёсӣ сабти ном шудаанд.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон ҳар панҷ сол як маротиба баргузор мешавад.

Натоиҷи интихоботи такрории Узбакистон эълон гардид: се вакил тоҷиктабор ҳастанд

4 декабри соли 2016 дар Ӯзбекистон интихоботи пеш аз муҳлат баргузор шуд, ки дар он Мирзиёев, ки сарвазир буд, пирӯз шуд. 88,61% интихобкунандагон ба ӯ овоз доданд.

Президент Ислом Каримов, ки аз соли 1989 инҷониб кишварро идора мекунад, 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт.

351
Барчаспҳо:
парлумон, номзад, Шавкат Мирзиёев, Санаи интихоботи президентӣ дар Ӯзбакистон муайян шуд