Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон дар самти ҳамгироӣ мушкил дорад

173
(Таҷдидшуда 10:33 13.06.2017)
Дар Маҷмааи давлатии “Кохи Наврӯз” ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир” баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ҳамоши суханронӣ намуда, қайд кард, ки Тоҷикистон дар масоили ҳамгироӣ бо мушкилот дучор мешавад.

"Аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 ба шароите рост омад, ки дар нуқоти  гуногуни сайёра  миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд", —гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дабири кулли СММ
© Фото : Аз хадамоти матбуоти президенти ҶТ

Раисҷумҳур бар он аст, ки дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ наметавонад  дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд.

Эмомалӣ Раҳмон муборизаи дастаҷамъонаро роҳи  раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок гуфт.

Ба қавли раисҷумҳур  пайомадҳои буҳронҳои молиявиву иқтисодӣ, энергетикӣ ва ғизоӣ, инчунин оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои ҷаҳду талошҳои аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур бо хушкӣ дар роҳи расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд.

"Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои маҳсур бо хушкӣ дар самти таъмин намудани ҳамгироӣ ва пайвастани кишвар бо сохтори тиҷорати бисёрҷониба ба мушкилоти муайян дучор мебошад. Чунин ҳолат ба раванди таъмини рушди бемайлони дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  низ таъсири манфӣ мерасонад.  Аз ин лиҳоз, мо чунин мешуморем, ки  ин гурӯҳи кишварҳо бояд аз имтиёзҳои мусоиди марбут ба тиҷорати ҷаҳонӣ бархурдор бошад", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар рафти кори ҳамоиш Дабири кулли СММ, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар коршиносони дохилию хориҷӣ суханронӣ карданд. 

Дар бахшҳои алоҳидаи ҳамоиш масъалаҳои Таъсири тағйирёбиии иқлим ба рушди Тоҷикистон ва Ҳадафҳои Рушди Устувор, Таъмини амнияти озуқаворӣ, соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон:-мушкилот ва имкониятҳо барои татбиқи Барномаи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор ва ғайра баррасӣ гардид.

173
Барчаспҳо:
ҳамоиш, суханронӣ, Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулии СММ
Экономический рост, архивное фото

“Шохиси озодиҳои иқтисодӣ”: Тоҷикистон 21 зина пешрафт кардааст

47
(Таҷдидшуда 18:21 07.03.2021)
Тоҷикистон дар радабандии нави “Шохиси озодиҳои иқтисоди” миёни кишварҳои дунё нисбати соли гузашта 21 зина пешрафт кардааст

ДУШАНБЕ, 7 март — Sputnik. Ин радбандӣ, ки ахиран аз ҷониби пажуҳишгоҳи Heritage Foundation ва маҷаллаи The Wall Street нашр шуд, 186 кишвари дунёро дар бар гирифтааст, ки Тоҷикистон дар он зина 134-ро ишғол мекунад.

Соли гузашта Тоҷикистон дар рейтинги “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” дар ҷойи 155 ва қабл аз он дар зинаи 122 қарор дошт. Гузоришгарон новобаста аз пешрафт Тоҷикистонро имсол низ аз сабаби сатҳи пасти молиявӣ, озодии соҳибкорӣ ва тиҷорат ба гуруҳи кишварҳои “иқтисодаш ноозод” ворид кардаанд.

Гузоришгарон гуфтаан дар соли ҷорӣ мизони озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон 3 бал афзуда, аз 100 холи имконпазир 55,2 холро соҳиб гаштааст.

Иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ 

Ҳамчунин гузоришгарон дар шарҳи мавқеи Тоҷикистон гуфтаанд, Тоҷикистон дар байни 40 кишвари минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ҷойгоҳи 42-юмро ишғол мекунад ва нишондиҳандаҳои умумии он аз нишондиҳандаҳои миёнаи минтақа ва ҷаҳон хеле пасттаранд.

Ба гуфти гузоришгарон дар пайи ҳамагирии коронавирус иқтисоди Тоҷикистон танҳо 1 фисад поин рафт.

Гуфта мешавад, давоми солҳои нашри раддабандӣ нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон номусод буданд, аммо бо сабаби воридшавии маблағи муҳоҷирон аз Русия, сармоягузорӣ ва содироти канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, сурб ва руҳ маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар афзоиш ёфтааст.

Таҳиягарони гузориш ҳамчунин гуфтаанд, Тоҷикистон барои даст ёфтан ба озодиҳои иқтисодӣ, бояд қонунгузориро бознигарӣ кунад, ислоҳот дар бозори меҳнат ба вуҷуд оварад ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварад.

Дар раддабандии мазкур мақоми кишварҳои пасошуравӣ ба таври зайл аст: Эстония-8, Гурҷистон-12, Литва-15, Латвия-30, Қазоқистон-34, Арманистон-32, Озарбойҷон-38, Қирғизистон-78, Молдова-87, Белорус-88, Русия-94, Ӯзбекистон-108, Украина-127 ва Туркманистон-167.

Раҳимзода гуфт чаро COVID-19 вазъи иқтисоди Тоҷикистонро муташанниҷ накард

Гузоришгарон иқтисоди Сингапур, Зеландияи нав ва Австралияро озодтарин ва Кубаву Венесуела ва Кореяи шимолиро маҳдудтарин гуфтаанд.

47
Барчаспҳо:
радабандӣ, иқтисод, Тоҷикистон
Дмитрий Голубовский

Голубовский: Русия Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказиро аз бӯҳрон берун хоҳад овард

281
Агар Русия дар солҳои наздик рушди хуби иқтисодӣ нишон диҳад, пас ба гуфтаи таҳлилгари молиявӣ Дмитрий Голубовский, ҳамаи ҳамсоягон, аз ҷумла тамоми Осиёи Марказиро аз пасаш мекашад

ДУШАНБЕ, 7 мар- Sputnik. Нархи ҷаҳонии маводщои ғизоӣ моҳи нӯҳум пай дар пай афзоиш ёфт, ки бештар аз ҳама шакар ва равғани растанӣ боло мерафт.

Вобаста ба ин дар гузориши ахири Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ишора шудааст.

"Ин тамоюл акнун солҳои тӯлонӣ идома хоҳад кард",- гуфт Голубовский дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Коршинос таъкид кард, ки аз болоравии нархҳо кишварҳои камбизоат аз ҳама бештар зарар мебинанд.

"Сармоягузорон инро" гардиши олии ашёи хом меноманд. Ин ба қадри кофӣ давом хоҳад кард, ба ёд овардан лозим аст, ки вақтҳои охир чӣ қадар нафт афзоиш ёфт - нархҳо соли 1998 ба афзоиш оғоз карданд ва ҳадди аксар дар соли 2008 ба даст омад, яъне мо метавонем дар бораи 10 сол сӯҳбат кунем", - гуфт таҳлилгар.

Ба гуфтаи ӯ, моро 10-солаи болоравии нархҳои маводи ғизоӣ, металлҳо ва сӯзишворӣ интизор аст, ки ин ба даври коҳиши доллар ва инчунин ба он вобаста аст, ки амрикоиҳо таварруми ҷаҳониро ҳамчун роҳи мубориза бо сарбории йарзӣ оғоз мекунанд.

"Қарзҳо дар ҷаҳон аз ҳад зиёданд, онҳоро беқадр кардан лозим аст" гуфт ӯ.

Барои ин ду роҳ мавҷуд аст. Аввалан, эҷоди бӯҳрони қарз, вақте ки бисёр одамон муфлис мешаванд, дар ин ҳолат сарватмандон чизи зиёдеро аз даст медиҳанд. Роҳи дуюм ташкили инфлятсия мебошад, то ҳама пардохт кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, роҳи дуввум иҷро хоҳад шуд, зеро ҳоло миқдори зиёди пул чоп мешавад.

"То ҳол мақомоти ҷаҳонӣ сенарияеро интихоб кардаанд, ки дар он ҳама мушкилот бо пул ҳал карда шаванд, аз ин рӯ нархҳо боло хоҳанд рафт. Принсипе кор хоҳад кард, ки сарватмандон бойтар ва камбизоатон фақиртар хоҳанд шуд, танҳо дар сатҳи байналмилалӣ",-илова кард таҳлилгар.

Кишварҳои камбизоат дар сурати рушд накардан боз ҳам қашшоқтар мешаванд.

Ғайр аз ин, онҳо метавонанд қисми ягон намуди блокҳои иқтисодӣ гарданд ё бо кишварҳои сарватманд шартномаҳои истисноии тиҷоратӣ банданд.

"Агар Русия рушди хуби иқтисодӣ нишон диҳад, пас ҳамаи ҳамсоягони худро ҷалб хоҳад кард. Ин омили минтақавӣ аст, иқтисоди қавӣ ҳамсояҳои худро ҷалб мекунад", - бовар дорад иқтисоддон.

Ё ҳамсояҳо ба кор меоянд - онҳо пули бештар ба даст меоранд ва ба хона мефиристанд, ё иқтисоди қавӣ ба аутсорсинг ба яке аз ҳамсояҳо каме кор медиҳад, гуфт коршинос.

"Агар нархи нафту металл афзоиш ёбад, Русия метавонад суръати хуби рушди иқтисодиро дошта бошад ва он метавонад тамоми минтақаро ба ҳам кашад", - хулоса кард Голубовский.

281
Барчаспҳо:
бӯҳрон, иқтисод, Тоҷикистон, Русия
Президент Таджикистана поздравил женщин с Днем матери

Эмомалӣ Раҳмон аз бузургии модарон гуфту ба ҷавонон хитоб кард: дуои некашонро гиред

0
(Таҷдидшуда 19:21 07.03.2021)
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занони кишварро ба муносибати фаро расидани ҷашни Рӯзи Модар табрику таҳният гуфт

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Дар паёми раисҷумҳур, ки котиботаш нашр кардааст, зикр мегардад, ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

Раисиҷумҳури кишвар аз бузургиву ҷойгоҳи модар муфасал зикр карда, ҳамзамон гуфтааст, ки модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.

Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем, таъкид мекунад раисиҷумҳур.

Президент гуфтааст, имрӯз мо бо қаноатмандӣ метавонем гӯем, ки тайи сӣ соли истиқлоли давлатӣ занону бонувони мо дар ҳамаи соҳаҳо баробари мардон хизмат карда истодаанд.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму ойинҳо ва муқовимат ба ифротгароиву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.

Ҳакимзода аз номи Президент як модари ниёзмандро табрик намуда, ба ӯ хона тақдим кард

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавондухтарони мо имрӯз дар баробари соҳиби касбу ҳунар намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона омода кардан, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, маърифати оиладорӣ ва ҳунари кадбонугӣ масъалаҳои муҳимтарин ба шумор мераванд.

"Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки модарону бонувони азизи мо рисолати худро дар ин самт низ бо камоли масъулият иҷро мекунанд",- таъкид кардааст раисиҷумҳур.

Президент ба ҳар фарди бонангу номус, махсусан, ба наврасону ҷавонон хитоб кардааст, ки падару модарон ва бонувону хоҳаронро дар ҳама ҳолат эҳтиром намоянд, нисбат ба онҳо ҳамеша меҳрубону дилсӯз бошанд, иззату ҳурмати калонсолонро ба ҷой оваранд ва дуои неки онҳоро гиранд.

Хотирнишон месозам, ки ин меъёр, яъне масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидааст.

Мо бояд аҳли ҷомеа ва фарзандони худро ҳамеша ба роҳи рост ва барои ҳифзи истиқлолу озодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон ҳидоят намоем, тахкид кардааст, раисиҷумҳур.

Қадрдонии поккорони пойтахт аз ҷониби Рустами Эмомалӣ: беш аз 3,5 миллион сомонӣ дод

Кишвардори Тоҷикистон гуфтааст, бовар дорад, ки модарону занони муҳтарам ва бонувону хоҳарони азизи мо минбаъд низ барои тарбияи наслҳои ояндасозу ободгари халқамон, таҳкими оила, ба хотири рушди давлат ва ободии Ватан заҳмат мекашанд.

0