Руҳулло Ҳакимзода

Амволи Толиб Айёмбековро касе нахарид

275
(Таҷдидшуда 17:20 18.07.2017)
Раиси бонки давлатии пасандози Тоҷикистон "Амонатбонк" мегӯяд, амволи Толиб Айёмбеков харидор надорад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино ба гузориши расонаҳои тоҷикӣ, раиси "Амонатбонк" дар нишасти расонаӣ гуфтааст, ки амволи Толиб Айёмбеков, ки барои пардохти баҳраи бонкӣ аз вомҳояш ба гарав гузошта шуда буд, харидор пайдо накардааст.

"Амволи ба гаравгузошта ҷавобгӯи талабот аст, вале ба иллати мушкили иқтисодӣ харидор надорад", — гуфтааст Руҳулло Ҳакимзода.

Гуфта мешавад, ки Толиб Айёмбеков куллан 455 ҳазор сомонӣ ба "Амонатбонк" бидеҳкор будааст. Ба гуфти Руҳулло Ҳакимзода, ӯ вомашро пурра бар гардонда ва танҳо баҳраашро пардохт накардааст.

Ду сол пеш аз ин раиси "Амонатбонк" гуфта буд, ки "агар Айёмбеков натавонад баҳраро пардохт кунад, амволеро, ки гарав гузоштааст, мефурӯшем. Вомгиранда низ бо ин шарт комилан розист".

275
Барчаспҳо:
бидеҳӣ, баҳра, вом, фурӯши амвол, Айёмбеков, Руҳулло Ҳакимзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Раиси “Амонатбонк” гуфт, Толиб Айёмбеков қарзҳояшро пардохтааст