Вазири рушди иқтисод дар Ню-Йорк

Вазири рушди иқтисод: Тоҷикистон кӯшиш дорад сатҳи бенавоиро коҳиш диҳад

56
(Таҷдидшуда 15:33 19.07.2017)
Вазири рушди иқтисоду бозаргонии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, давлат барои коҳиши бенавоӣ ду барномаи роҳбурдиро иҷро кардаву яке дигарро ҳамакнун иҷро мекунад

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Неъматулло Ҳикматуллозода дар Ҳамоиши сиёсии сатҳи баланд барои рушди устувор (HLPF) гуфтааст, ки дар давоми 15 соли ахир Тоҷикистон ба пешрафтҳои чашмгире, аз ҷумла дар заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ даст ёфтааст.

Бино ба иттилоъи равобити умуми ВКХ ҶТ, ӯ ёдоварӣ кардааст, ки дар ин давра давлати Тоҷикистон ду барномаи роҳбурдии коҳиши бенавоӣ барои солҳои 2007 то 2009 ва 2010 то 2012-ро иҷро карда ва ҳамчунин Роҳбурди миллии рушд то соли 2030-ро тасвиб кардааст.

Вазири рушди иқтисоду бозаргонии ҶТ ҳамчунин бар зарурати ёрирасонӣ ба кишварҳое, ки дар вазъи хоссе қарор доранд, аз ҷумла кишварҳои тавсеъаёбандае, ки ба дарёҳо роҳ надоранд, таъкид кардааст.

56
Барчаспҳо:
суханронӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Неъматулло Ҳикматуллозода, Амрико
Мавзуъ
Ҷалби сармоягузорӣ: ҷаласаи иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон дар Боку