Таджикская певица Манижа, архивное фото

Манижа Сангин дар мусоҳиба ҳаҷми даромади худро ошкор накард

164
(Таҷдидшуда 18:14 30.07.2017)
Манижа Сангин сарояндаи тоҷики муқими Русия ва ситораи Instagram дар мусоҳибае бо ровии барномаи "Транформатор" ҳаҷми даромади худро аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва реклама ошкор накард

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Манижа Сангин сарояндаи машҳури тоҷик дар барномаи "Трансфарматор" ширкат кардааст. 

Ин барномаро соҳибкори 29-солаи рус Дмитрий Портнягин ба ситораҳои Instagram бахшида ба тамошобинон дар бораи ҳаҷми даромад ва тарзи пулкоркунии корбарони ин шабака маълумот медиҳад. Ин барнома рӯзи 28 июл дар ютуб пахш шудааст.

Вале ба саволи ровии ин барнома, Манижа оиди ҳаҷми даромади худ посухи аниқ намедиҳад.

"Ба ростӣ ман аниқ ҳаҷми даромадамро намедонам", — мегӯяд сарояндаи тоҷик.

Ӯ ҳамчунин дар идома суҳбаташ қайд мекунад, ки мақсади аслиаш аз ташкили студияи Manizha "беҳтар кардани дунё" аст.

Дар ин барнома дар баробари Манижа дар бораи блогнависони машҳури Русия мудел Анастасия Решетова, варзишгар-блогнавис Анастасия Миронова, модари фаъол Ирина маълумот дода шуда, тарзи ба даст овардани даромад аз шабакаҳои интернет баррасӣ мешавад.

Вақтҳои охир ситораҳои шоу-бизнес бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ меоранд. Ва барои аксарияти онҳо Instagramу Faceboоk манбаъи аслии даромад шудааст.

Манижа Сангин-сарояндаи тоҷик дар Русия ба воя расидаасту айни ҳол бо клипҳои ғайриоддии худ дар шабакаи Instagram беш аз 200 ҳазор ҳамванд дорад.    

164
Барчаспҳо:
даромад, Манижа Сангин, Русия
Мавзуъ
Манижа Сангин дар озмуни “Бонуи сол - 2017” ширкат меварзад
"Мухлисонамро дӯст медорам": чаро консерти Манижа дар Маскав баргузор нашуд
Манижа дар Маскав дар рӯи об ҳунарнамоӣ мекунад
“Мо бо Манижа ифтихор дорем”: консерти овозхони тоҷик дар Петербург