Дидори Шодихон Ҷамшед бо мудири кулли Тссел

Тсеll дар ВМКБ бунгоҳи хидматрасонӣ месозад: дидори мудири кулли Тсеll бо раиси вилоят

542
(Таҷдидшуда 15:41 31.07.2017)
Барои сохтусози бинои хизматрасонии Тсеll дар ВМКБ қитъаи замин ҷудо шуда сохтмонаш дар ояндаи наздик оғоз мегардад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бино ба гузориши сухангӯи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева, имрӯз раиси вилоят Шодихон Ҷамшед бо мудири кулли ширкати Тсеll Озодхон Давлатшоев дидор кард.

Ҷонибхо аз фаъолияти пурсамари ширкати мазкур дар вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ширкати Тселл дар фазои алокаи кишвар хизмати босазо дорад.

Ба иттилоъи манбаъ тарафҳо ба хулоса омаданд, ки дар вилоят бинои хизматрасонии ширкатро бозсозӣ кунанд.

"Дар вилоят барои бунёди бинои хизматрасонии он қитъаи замин ҷудо карда шуда, сохтмонаш дар ояндаи наздик оғоз мегардад", — омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки ин тадбир дар самти амалисозии ҳадафҳои сиёсати иқтисодии ҳукумати кишвар — ҳамкории давлат бо бахши хусуси дар вилоят як қадами устувор барои сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ аст.

542
Барчаспҳо:
бинои нав, "TCELL", Шодихон Ҷамшед, ВМКБ
Мавзуъ
AKFED Tcell-ро аз Telia харид
Бурди сарбози рус дар Тоҷикистон: смартфон аз Tcell
Tcell фурӯши аксияҳоро ба фонди Оқохон роҳи наҷот аз бӯҳрон медонад
Telia Company саҳмияҳои худро дар Tcell-и Тоҷикистон мефурӯшад