Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ

Миннатдории Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ноҳияи Ҷайҳун

69
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷайҳун аз кору фаъолиятии соҳибкорон ва сармоягузорон тавсиф кард

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти расиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон ва сармоягузорони ноҳияи Ҷайҳун изҳрори миннатдорӣкардааст.

Раисҷумҳур гуфтааст, ки дар зарфи солҳои 2015-2016 аз ҷониби Иттиҳодияи “Водии заррин”  220  техникаи гуногунтамғаи кишоварзӣ ворид гардида, майдони беш аз 6700 гектар заминҳои бекорхобида барқарор карда шудааст ва тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат инфрасохтори деҳот ва роҳҳои байнихоҷагӣ азнавсозӣ гардидаанд.

Вай айзудааст, ки соли 2016 бо дарназардошти пешравиҳо дар азхудкунии заминҳои бекорхобидаву партов ба иттиҳодияи мазкур иловатан 3100 гектар замин ҷудо карда шуд.

Сармоягузорон бо мақсади обёрӣ кардани заминҳои вобасташуда дар дарёи Вахш пойгоҳи обрасонии муосирро  бо азимтарин таҷҳизоти обкашӣ дар кишвар бо иқтидори 92 ҳазор метри мукааб об дар як соат сохта, мавриди истифода қарор доданд.

Ҳоло аз ин об дигар хоҷагиҳои деҳқонии минтақа низ истифода бурда истодаанд.

Иттиҳодияи зикршуда, инчунин, ба таври ройгон дар корҳои ободониву барқарорсозии ҳудуди мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” фаъолона иштирок дорад.

Умуман, аз тарафи  Иттиҳодияи “Водии заррин” дар тӯли солҳои 2015-2017 дар вилояти Хатлон доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он, бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла кашидани хатҳои барқ, инфрасохтори истеҳсолӣ ва беҳсозии шароити деҳот беш аз 880 миллион сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст.

Дар баробари марҳала ба марҳала афзоиш додани кишт ва ҷамъоварии ҳосил ҳоло дар ҷамъияти мазкур беш аз 2300 нафар аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши  хуб таъмин мебошанд ва илова бар ин, иттиҳодия дар давоми фаъолияти худ ба буҷети давлат беш аз 27 миллион сомонӣ андоз  супоридааст.

"Бо дарназардошти иқдомоти зикршуда ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорон изҳори миннатдорӣ карда, ба онҳо дар ҷодаи боз ҳам беҳтар гардонидани натиҷаҳои истеҳсолӣ барори кор мехоҳам", гуфт сарвари давлат.

Дар баробари ин раисҷумҳур қайд кард, ки ҳанӯз захираву имкониятҳои ноҳия зиёд буда, барои истифодаи самараноки онҳо боз ҳам бештар заҳмат кашидан зарур аст.

Масалан, соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони зиёда аз 19 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронидаанд, ки назар ба соли 1991-ум 1000  гектар кам буда, кишти пахта 6500 гектар, истеҳсоли гӯшт 1000 тонна, шир 900 тонна, пилла 112 тонна ва майдони токзор 90 гектар коҳиш ёфтааст.

69
Барчаспҳо:
миннатдорӣ, соҳибкорон, Эмомалӣ Раҳмон, Ҷайҳун, Тоҷикистон
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: 17 ҷавони бохтарӣ дар ҷангҳои Ховари наздик кушта шуданд
Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон аз кам шудани кишти картошка ва пахта дар ноҳияи Бохтар
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои вилояти Хатлон
Як рӯзи Эмомалӣ Раҳмон