Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 август пулҳои нав мебарорад

© Sputnik / СтрингерТаджикские денежные знаки Сомони
Таджикские денежные знаки Сомони - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пулҳои коғазии 10, 20, 50, 100 сомонии намунаи соли 2017 дар қатори пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ, намунаи соли 1999 баробар гардиш мекунанд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба иттилоъи равобити умумии БМТ, шурӯъ аз 31 августи соли 2017 дар Тоҷикистон пулҳои коғазии намунаи нав ба муомилот бароварда мешавад.

Ба гузориши манбаъ, пулҳои коғазии 10, 20, 50, 100 сомонии намунаи соли 2017 дар қатори пулҳои коғазии 10, 20, 50, 100 сомонӣ, намунаи соли 1999 баробар гардиш менамоянд.

Первый Зампред Нацбанка РТ Джамолиддин Нуралиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БМТ пулҳои яксомонӣ, сесомонӣ ва панҷсомониро филиззӣ мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин иқдомро ба мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳифозатии пули миллӣ аз тақаллубкорӣ ва беҳтар кардани ороиши коғазии пул роҳандозӣ кардааст.

"Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи ҳифозатии пули миллӣ аз тақаллубкорӣ, беҳтар кардани ороиши пули коғазии арзиши номиналии 100 сомонӣ, инчунин такмили унсурҳои тавассути мошинҳо хондашавандаи сатҳи дуюм ва ҷорӣ кардани унсури ҳимоявии сатҳи сеюм дар пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ аз 31 августи соли равон пулҳои коғазии намунаи соли 2017 ба муомилот бароварда мешаванд", — омадааст дар хабарнома.

Лентаи хабарҳо
0