Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Чин

Қарз - 79 милюн дулор ва имзои 24 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин

174
(Таҷдидшуда 13:06 04.09.2017)
Дар шаҳри Пекин дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон маросими имзои созишномаи қарзӣ байни Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Чин оид ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 79 милюн дулор барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди хати баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 киловолтаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молия Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин Ноиби Президенти Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сун Пинг имзо карданд.

Ҳамчунин дар чорчғби сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар шаҳри Пекин маросими имзои як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид.

Аз ҷумла, Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳум байни Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии ҳастаии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои ҳастаӣ бо мақсади осоишта;

— Ёддошти тафоҳум байни Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии рушди авиатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди коркарди системаҳои бесарнишини ҳавоӣ, барои мақсадҳои гуногун;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати "Ғаюр Саноат" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Синхуа Тиен Чен"

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати "Ғаюр" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Джинно гласс серамик групп";

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати "ТАЛКО"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Юнан;

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати "ТАЛКО" ва Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Чин (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн)

— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати "ТАЛКО" ва Ширкати сармоягузории Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент.

Манбаъ меафзояд, ки пас аз имзои санадҳои ҳамкорӣ тавассути бунёди коргоҳҳои муштараки саноатӣ,  маблағҳои зиёди сармояи ширкатҳои чинӣ ба иқтисодиёти кишвари мо ворид гардида, дар таъсиси ҷойҳои корӣ, истифодаи неъматҳои модии кишвар, рушди бахшҳои гуногун ва беҳдошти сатҳи иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.

То имрӯз санадҳои меъёрию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба наздики 200 санадро ташкил медод ва он бахшҳои муҳимро дар бар мегирифт.

Дар доираи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар Чин дар маҷмӯъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

174
Барчаспҳо:
қарз, 24 санади ҳамкорӣ, имзои санадҳои ҳамкорӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Чин
Мавзуҳо:
Эмомалӣ Раҳмон дар Чин (16)
Мавзуъ
Дастовардҳои сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин: 13 қарордоди ҳамкорӣ
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Маҷлиси намояндагони мардумии Чин
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар кард
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

384
(Таҷдидшуда 13:22 30.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 29 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1308 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3398 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 12.1276 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1308 то 0.1365 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3398 сомонӣ, 1 евро – 12.1276 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1308 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

384
Барчаспҳо:
сомонӣ, рубл, Бонки Миллӣ
Цементный завод, архивное фото

Пас аз се сол: корхонаи гаҷи Конибодом фаъолияти худро аз сар гирифт

233
(Таҷдидшуда 12:57 30.10.2020)
 Гурӯҳи ширкатҳои “Нур” – и вилояти Суғд корхонаи гаҷтахтаи худро пас аз се соли таваққуф дигарбора фаъол кард

 ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Нуруллоҳ Усмонов, мудири кулли гурӯҳи ширкатҳои “Нур”, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, се соли қабл ба далоили мушкилоти молиявию фаннӣ кори худро ба тавқиф гузошта буд.

“Дар ин муддат мо талош кардем, ки ин ҳама мушкилотро бартараф намуда, дигарбора ба кор шурӯъ кунем. Ҳадаф истеҳсоли маводи сохтмонии маврид ниёз аст, ки ҷойгузини маводи ҳамсони воридотӣ ба кишвар хоҳад шуд. Дар ин амр ба мо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, низ кӯмаки худро дареғ надоштанд. Бахусус, дастурҳои он кас барои бартараф кардани як қатор мушкилоти бюрократӣ хеле муҳим буд”, - гуфт Нуруллоҳ Усмонов.

Корхонаи тавлиди гаҷтахтаи “Моҳии заррин”, яке аз корхонаҳои гуруҳи ширкатҳои “Нур”, соли 2016 дар қаламрави деҳаи Ниёзбеки ноҳияи Конибодом ташкил шудааст. Зарфияти он тавлиди 200 тон гаҷ ва 500 тон сангреза дар рӯз аст, ки аз ашёи хоми маҳаллӣ ба даст меояд.

Тибқи иттилои мудири кулли гуруҳи ширкатҳои “Нур”, дар корхона 60 нафар истихдом шудаанд, ки мудирияти ширкат ба онҳо ба таври мутавассит 2500 сомонӣ музди меҳнат пардохт мекунад.

“Ҳудуди 40 нафари дигар дар боғи корхона ба кор машғул мешаванд, ки барои тавсеаи он шароити хуб эҷод шудааст. Як чоҳ низ дар сойи наздики корхона ҳафр шудааст, ки обёрии заминҳои боғ ва атрофро фароҳам мекунад”, - гуфт Нуруллоҳ Усмонов.

Афзоиши тавлиди гаҷкартон дар Тоҷикистон ва содироти он ба Узбакистону Афғонистон

Гурӯҳи ширкатҳои “Нур” аз сӯи Нуруллоҳ Усмонов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҷуз “Моҳии заррин”, як гимназияи хусусӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаб – интернати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон, Маркази ташхисию солимгардонӣ дар деҳаи Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маҷмааи хурди саноатии “Нуртекс” дар шаҳри Хуҷандро, ки ба тавлиди кабелу профил, ширешу дигар маводи сохтмонӣ машғул аст, муттаҳид мекунад.

233
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон