Парафирование проекта Соглашения между Республикой Таджикистан и Иорданским Хашимитским Королевством

Тоҷикистон ва Урдун аз молиётситонии дучандон пешгирӣ хоҳанд кард

48
(Таҷдидшуда 19:05 18.09.2017)
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун пешнависи "Созишномаи пешгирӣ аз молиётситонии дучандон ва сарпечӣ аз пардохти молиёт бар даромаду сармоя"-ро имзо карданд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба гузориши дафтари расонаии Вазорати молияи ҶТ, ин санад дар поёни музокироти ниҳодҳои молии Тоҷикистон ва Урдун имзо шудааст.

Ҳайъати тоҷикӣ ба раҳбарии Бурҳон Назаров, мудири Идораи кулли сиёсати молиётӣ ва пардохтҳои ВМ ҶТ ва ҳайъати урдунӣ ба раҳбарии Валид Абдукарим, раиси Идораи ҳуқуқии Вазорати молияи Урдун, ҳама бандҳои ин созишномаро ҳамоҳанг карда ва раҳбарони ҳайъатҳо пешнависи онро имзо кардаанд.

Ин санад заминаро барои густариши равобити иқтисодиву тиҷорӣ миёни ду кишвар фароҳам меоварад ва раванди иҷрои тарҳҳои дуҷонибаро беҳбуд мебахшад.

48
Барчаспҳо:
молиётбандӣ, молиёти дучандон, вазорати молияи Тоҷикистон, Валид Абдукарим, Бурҳон Назаров, Тоҷикистон-Урдун
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ба подшоҳи Урдун изҳори тасаллият кард
Цистерна с нефтью, архивное фото

Маълум шуд саҳми воридоти сӯзишворӣ, гандум ва орд ба Тоҷикистон чиқадар аст

44
(Таҷдидшуда 10:20 27.11.2020)
17 дарсади воридоти Тоҷикистон аз январ то поёни октябри соли 2020 ба сӯзишворӣ, гандум ва орди Тоҷикистон ихтисос доштааст

ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Ба нақл аз сомонаи хабарии Авесто, Тоҷикистон дар 10 моҳи соли равон ба маблағи 436 миллион доллар сӯзишворӣ, орду гандум ворид карда аст, ки баробар бо 17,2 дарсад аз воридоти 2,5 миллиард долларии ин кишвар дар ин муддат мебошад.

Ҳаҷми сӯзишвории воридоти тайи ин муддат аз хориҷ ба Тоҷикистон наздик ба 489 ҳазор тон эълом шуда, ки ба ин манзур 232 миллион доллар ҳазина кардаанд.

Ин шохис дар муқоиса бо ҳаминдавраи соли қаблӣ афзоиши наздик ба 16 дарсадиро нишон медиҳад.

Ҳамчнин дар 10 моҳи гузашта аз хориҷ ба Тоҷикистон беш аз 761 ҳазор тон гандум ба арзиши молии 165 миллиону 500 ҳазор доллар ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл бо коҳиши беш аз 7 дарсади рӯбарӯ аст.

Мизони орди воридоти ба Тоҷикистон дар ин муддат низ беш аз 73 ҳазор тон ба арзиши молии 18 миллиону 700 ҳазор доллар эълом шудааст.

Тоҷикистон ҳамасола бахши умдаи сӯзишворӣ, орду гандуми мавриди ниёзи худро аз Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.

44
Барчаспҳо:
гандум, воридот, орд, сӯзишворӣ, Тоҷикистон
Сомони и доллары, архивное фото

Беқурбшавии сомонӣ дар Тоҷикистон идома меёбад: қурби доллар боз боло меравад

453
(Таҷдидшуда 18:45 26.11.2020)
Тибқи таҳлилу дурнамои Бонки рушди АвруОсиё пули миллии Тоҷикистон аз таъсири пандемияи вируси корона ба зуди ба худ намеояд

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. То моҳи ноябри соли равон пули миллии Тоҷикистон дар нисбат  ба доллари амрикоӣ дар қиёс ба 31 декабри соли 2019 16 дарсад коҳиш ёфтааст, гуфта шудааст дар гузориши Бонки рушди АвруОсиё.

Ҳар ду даври беқурбшавии сомонӣ ба авҷи паҳншавии вируси корона дар моҳи март ва ноябр рабт дода мешавад.

Тибқи гузориши Бонки рушди АвруОсиё ислоҳи қурбӣ имкон дод қурби сомониро дар шароити камшавии интиқоли пул ва коҳиш ёфтани сармоягузориҳои мустақим ба кишвар ба нишондиҳандаҳои сатҳи асоснок фундаменталӣ наздик кард.

Дар ҳамин ҳол, Бонки рушди АвруОсиё пешгӯи кардааст, ки беқурбшавии пули милллии Тоҷикистон  дар оянда низ идома хоҳад ёфт.

Дар сурате, ки агар пандемия коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон таъсирҳои дигар нарасонад тибқи гузориши Бонк ин раванди беқурбшавӣ дар соли 2021 ва 2022 идома хоҳад ёфт.

453
Барчаспҳо:
таъсир, қурб, сомонӣ, пули миллӣ, Тоҷикистон
Туман в Душанбе, архивное фото

Ҳавои беборишу тағирёбанда: дар Душанбе меғ мефарояд

0
(Таҷдидшуда 10:18 27.11.2020)
Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон эълон кардааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар ноҳияҳо туман мефарояд Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво ҳамчунин тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво  4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 16-21 дараҷа хунук ва рӯзона  4-9   дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа  хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  2-7 дараҷа  хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа  гарм  мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук  то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8  дараҷа гарм мешавад.

0
Барчаспҳо:
ҳаво, меғ мефарояд, Душанбе, Ожонси обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон