Встреча Министра иностранных дел Таджикистана с Министром иностранных дел Венгрии

Тоҷикистон ва Маҷористон аз сармоягузориҳои якдигар пуштибонӣ мекунанд

42
Тоҷикистон ва Маҷористон Созишномаи ташвиқ ва пуштибонии сармоягузориҳоро имзо карданд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти иттилоъотии Вазорати умури хориҷаи ҶТ, вазири умури хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов 18 сентябр дар Ню-Йорк бо вазири умури хориҷӣ ва бозаргонии Маҷористон Петер Сиярто мулоқот кард.

Дар ин дидор, ки дар ҳошияи иҷлоси 72-уми Маҷмаъи умумии СММ баргузор шуд, масоили мубрами рушди равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Маҷористон баррасӣ шуданд.

Дар поёни ин дидор вазирони умури хориҷии ду кишвар Созишномаи ташвиқ ва пуштибонии мутақобилаи сармоягузориро ба имзо расонданд.

42
Барчаспҳо:
сармоягузорӣ, созишнома, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Петер Сиярто, Сироҷидин Аслов, Тоҷикистон-Маҷористон
Мавзуъ
Пешвои Тоҷикистон ва Маҷористон хостори таҳкими муносибатҳо гардиданд
Раисҷумҳури Маҷористон ба Эмомалӣ Раҳмон: "ин суханони хушку холӣ нестанд"
Монеты, архивное фото

Вазир: қарзи давлатии Тоҷикистон ба беш аз 43 дарсади ММД расид

199
(Таҷдидшуда 20:20 22.11.2020)
Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, қарзи давлатии ҷумҳурӣ то ҳол беш аз 43 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ММД-ро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия зимни баррасии барномаи нави қарзгирии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, то 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзи давлатии ҷумҳурӣ  3,7 миллиард  доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи вазир, дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар 5 созишномаи нави қарзӣ ба маблағи умумии 459,5 миллион доллари амрикоӣ бо ташкилотҳои гуногуни молиявӣ ба имзо расонида шуд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Қаҳҳорзода афзуд, ки  ҳаҷми қарзи давлатии ҷумҳурӣ ба ҳолати аввали октябри соли равон ба 43,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.

Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли  2021 ҳудуди 213,5 миллион  доллар, соли 2022 -  238,2 миллион доллар ва соли 2023 ҳудуди 243,3 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қаҳҳорзода тавзеҳ дод, ки дар буҷа барои соли 2021 барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 2,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, 1 миллиард сомонии он барои пардохти қарзи асосӣ ва 861,1 миллион сомонӣ барои пардохти фоизҳои он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешавад.

199
Барчаспҳо:
ММД, Тоҷикистон
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода

Вазир аз нақшаи қарзгирии Ҳукумат барои сохтмони "Роғун" гуфт: чанд ва аз кӣ?

1119
(Таҷдидшуда 19:11 22.11.2020)
Давлати Тоҷикистон ният дорад, барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" боз ҳудуди 340 миллион евро қарз бигирад

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни баррасии барномаи қарзгирии кишвар барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 аз нақшаи қарзгирӣ барои сохтмони НБО "Роғун" гуфт.

Ба гуфтаи вазир, феълан 8 созишномаи қарзӣ дар сатҳи лоиҳавӣ қарор доранд, ки калонтаринашон қарз  барои сохтмони  НБО "Роғун" мебошад.

Ӯ тавзеҳ дод, ки барои сохтмони НБО "Роғун"  гирифтани 340 миллион евро дар назар аст. Дар мавриди қарздиҳандагон Қаҳҳорзода илова намуд, ки тибқи нақша бояд аз бонкҳои аврупоӣ - Credit Suisse ва Landesbank Baden — Wiirttember гирифта шавад.

Дар маҷмуъ ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", вазир таъкид намуд, ки барномаи нави қарзгирӣ барои соли 2021 ва дурнамо барои солҳои 2022-2023 ҳудуди 59 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 8 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, моҳи октябри соли равон дар мулоқот бо сохтмончиёни "Роғун" гуфт,  аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти нерӯгоҳи "Роғун", яъне аз соли 2008 то ба ҳол ба ин иншоот 25 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.

1119
Барчаспҳо:
қарз, сохтмон, Тоҷикистон
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон