Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо доираи сармоягузорони Амрико

Раҳмон ба корофаринони амрикоӣ: дар Тоҷикистон мошин созед

374
(Таҷдидшуда 17:00 23.09.2017)
Эмомалӣ Раҳмон корофаринони амрикоиро даъват кард, ки дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, коркарди маъданҳо, металлу сангҳои гаронбаҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорон ва корофаринони Амрико суҳбат карда, онҳоро бо сабукиҳои андоз дар Тоҷикистон ошно кард.

"Айни замон дар Тоҷикистон қариб 240 намуди сабукиҳои андозӣ ва 70 шакли ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ ҷорӣ гардидааст", — гуфт раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон корофаринони амрикоиро барои мошинсозӣ даъват кард.

"Соҳаҳои мошинсозӣ, саноати сабук, хурокворӣ ва аграрӣ, кимиёвӣ ва дорусозӣ, истеҳсол ва коркарди маъданҳо, металлу сангҳои қиматбаҳо ва масолеҳи сохтмонӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки соҳибкорон ва сармоягузорони амрикоӣ метавонанд дар онҳо фаъолияти худро ба роҳ монанд", — гуфт раисҷумҳур.

Соҳаи дигари ояндадори ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрикоро Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи гардишгарӣ гуфт.

Дар соҳаи саёҳӣ як қатор сабукиву имтиёзҳо, аз ҷумла ҷиҳати воридоти таҷҳизоту маводи дигар барои рушди инфрасохтори он, пешбинӣ шудаанд.

Раисҷумҳур гуфт, ки иқтисоди Тоҷикистон бозорест ки ҳанӯз пурра аз худ нашудааст ва имкониятҳои фароху фаровони ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро дорад.

"Дар ин замина аз шумо даъват ба амал меорам, ки ҷиҳати ворид шудан ба иқтисоди кишвари рӯ ба тараққии мо қадамҳои устувор гузошта, дар раванди рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии кишварҳоямон саҳмгузор бошед", — гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон ба корфармоёни амрикоӣ.

374
Барчаспҳо:
суҳбат бо корфармоён, Эмомалӣ Раҳмон, Амрико
Мавзуъ
Ба Тоҷикистон биёед: Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Амрико сӯҳбат кард
Меҳмонхонаи 5 ситорадор дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе

Ҳукумат ба ширкати “Элит-Строй-Сервис”-и Иззатулло Давлатов сабукӣ дод

1926
(Таҷдидшуда 23:41 09.07.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати “Элит-Строй-Сервис”-и Иззатулло Давлатов, ки бояд дар Душанбе бинои баландошёнаи бисёрфунксионалӣ созад сабукӣ дод. Бинои бисёрфунксионалӣ меҳмонхонаи 20-ошёнаи 5-ситорадорро низ дар бар мегирад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат феҳрасти таҷҳизоту маводеро, ки ширкати “Элит-Строй-Сервис” барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар Душанбе ворид мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намуд.

Хадамоти гумрук муваззаф шудааст, ки барасмиятдарорӣ ва истифодаи мақсадноки молу таҷҳизоти воридшавандаро назорат кунад.

Санги асоси бинои бисёрфунксионалӣ  дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино моҳи сентябри соли гузашта аз ҷониби раисиҷумҳур гузошта шуда,  таъкид гардид, ки бино аз меҳмонхонаи 5 ситорадор ва маркази тиҷоратии бузург иборат аст.

Тибқи лоиҳа ин маркази бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дода буд, ки иншооти мазкур дар муҳлати 2 сол ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Президент мухолиф буду ахиран розӣ шуд: қарори Ҳукумат дар бораи кормандони андоз

Қаблан Давлатов Изатулло Нусратуллоевич, муассиси ширкати “Элит-Строй-Сервис” ҳудуди 15 километр роҳ, аз ҷумла дар кӯчаи Муродулло Давлатовро таъмир карда, соли 2018 бо фармони раисиҷумҳур бо ордени Шараф дараҷаи 2 мукофотонида шуд.

Давлатовҳо аз хонаводаҳои маъруф дар Тоҷикистон буда, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаи ин хонавода мебошад.

1926
Барчаспҳо:
Ҳукумат, сохтмон, Нусратулло Давлатов, сохтмонӣ, меҳмонхона, Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Имзои қарори Ҳукумат: нархи доруҳо назорат мешавад

2399
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат доруро ба феҳрасти махсуси маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ворид кард, ки нархи он аз ҷониби давлат назорат карда мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, нархи доруворию молҳои тиббӣ ва нуриҳои минералӣ барои хоҷагии қишлоқ аз ҷониби давлат назорат карда мешавад.

Феҳрасти маводи дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки бо қарори Ҳукумат тасдиқ мешавад, феълан 19 номгӯи молро дар бар мегирад.

Рӯйхати молҳое, ки нархашонро давлат назорат мекунад

Дар сархати маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки нархашон аз ҷониби давлат назорат мешавад, орди навъи 1 ва 2 ва сипас нон, макарон, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот – сабзӣ, пиёз, карам, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, нахуд, гӯшт, тухми мурғ, намак, чой, ғизои кӯдакон ва маводи сӯхт ҷой гирифтаанд.

Бо қарори нави имзокардаи Раҳмон, доруворию молҳои тиббӣ ва инчунин нуриҳои минералӣ, органикӣ ва кимиёвӣ барои хоҷагии қишлоқ низ шомили ин рӯйхат гардиданд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба уҳдаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон вогузор шудааст.

Роҳандозии назорати давлатии нархи доруворӣ дар ҳолест, ки ахиран дар давраи пандемияи коронавирус нархи баъзе аз маҳсулоти тиббӣ ба маротиб боло рафт.

2399
Барчаспҳо:
давлат, назорат, нарх, Тоҷикистон
День 10 июля

Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 03:32 10.07.2020)
Рӯзи даҳуми июл дар Русия аз Рӯзи қувваҳои ҳарбӣ таҷлил мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Муғулистон Рӯзи парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 10 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1847 аввалин маротиба 35 муҳоҷири кории Чин ба Амрико рафтанд.

День 9 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1925 Агентии Телеграфии Иттиҳоди Шӯравӣ (ТАСС) таъсис дода шуд.

Соли 1962 ширкати америкоии "American Telephone and Telegraph" ба воситаи алоқаи моҳвораи «"elstar" миёни ИМА, Англия ва Фаронса аввалин санҷиши алоқаи телефониро ба роҳ монд.

Соли 2007 аввалин маротиба давоми навад сол дар пойтахти Аргентина боридани барф ба қайд гирифта шуд.

Соли 1878 дар Англия аввалин маротиба довари бозии футбол ҳуштак истифода бурд. То он вақт доварони футбол бо овози баланд фарёд мекарданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1913 дар иёлати Калифорнияи ИМА ҳарорати баландтарини ҳаво – 57 дараҷа гармӣ ба қайд гирифта шуд.

Рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2008 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои дохилии вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ гардиданд.

День 7 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Сли 2010 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон корхонаи муштараки истеҳсолии Тоҷикистону Юнон "Олимпия" ба кор дароварда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2012 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Роғун ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар Неругоҳи барқи обии "Роғун" шинос шуда, бо фаъолони шаҳр мулоқот анҷом доданд.

Соли 2012 ширкати хавопаймоии  "Тоҷик Эйр" аввалин парвози худро ба самти Душанбе-Боку-Душанбе анҷом дод.

 

Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото
© Пресс-служба авиакомпании "Tajik Air"
Самолет авиакомпании "Таджик Эйр", архивное фото

 

Соли 2014 ҷавони тоҷик Шаҳром Сулаймонов  беҳтарин футболбози Русия интихоб гардид.

Соли 2017 дар чемпионати XXII Осиё оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон баргузор гардид, варзишгари маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ маротибаи чаҳорум чемпиони Осиё шуд.

 

Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте
© AP / Lee Jin-man
Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте

Соли 2017 Телевизиони Ӯзбекистон филми мустанади "Ӯзбекистон-Тоҷикистон: дӯстие, ки аз санҷиши замон гузаштааст"-ро, ки онро шабакаи телевизиони "O‘zbekiston" таҳия кардааст, намоиш дод.

 

Ҷашнҳои рӯзи 10 июл

Дар Мавритания — Рӯзи армия.

Дар Муғулистон – Рӯзи Парчами давлатӣ.

Дар Русия – Рӯзи қувваҳои ҳарбӣ.

Рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1913-1982) – ходими давлатӣ Ҷаббор Расулов.

Солҳои (1914-1995) – академик Муҳаммадқул Нарзиқулов.

Солҳои (1926-2000)  – Ҳофизи миллии Тоҷикистон Иброҳим Кобулиев.

Соли 1959 – адабиётшинос Аъзами Яздонӣ.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон