Корофаринони Душанберо барои дидор бо Эмомалӣ Раҳмон омода карданд

© Фото : Пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон бо корофаринони Тоҷикистон масъалаҳои аслии рушди иқтисод ва тиҷоратро баррасӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Муовини аввали нахуствазири ҶТ Давлаталӣ Саид нахустин ҷаласаи Кумитаи баргузории дидори раисҷумҳури Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон ва севумин ҷашни Рӯзи соҳибкоронро баргузор кард.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в Дарвазе - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати Раҳмон аз соҳибкорони ВМКБ: барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ кӯшиш кунед

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода аз раванди омодагиҳо ба дидори Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорон гузориш дод, ки дар нимаи дувуми моҳи октябри соли 2017 баргузор мешавад.

Ин дидор дар Рӯзи соҳибкорон баргузор мешавад, ки аз соли 2014 боз дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Интизор меравад, ки дар мулоқоти имсола, соҳибкориони хориҷӣ низ ширкат карда дар рафти он масоили муҳими соҳаҳои корофаринӣ ва сармоягузорӣ, саноат, энержӣ, кишоварзӣ, гардишгарӣ, зерсохтор ва молияву бонкдорӣ баррасӣ мегарданд.

Бино ба додаҳои Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, то имрӯз дар Тоҷикистон камобеш 300 ҳазор соҳибкор сабт шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябр дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаъи Умумии СММ бо корофаринони Амрико дидор карда, онҳоро барои фаъолият дар соҳаҳои мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва кишоварзӣ, кимиёӣ ва дорусозӣ, истихроҷу коркарди маъданҳо, металлу сангҳои гаронбаҳо ва масолеҳи сохтмонӣ даъват кард.

Соҳаи дигари ояндадори ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрикоро Эмомалӣ Раҳмон — гардишгарӣ гуфта буд.

Лентаи хабарҳо
0