Плакат Эмомали Рахмона в Таджикикстане, архивное фото

Бонки Ҷаҳонӣ: Тоҷикистон аз натиҷаи дилхоҳ дар фақрзудоӣ ҳануз дур аст

36
(Таҷдидшуда 12:35 23.10.2017)
Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муътақид аст, бо вуҷуди бархе дастовардҳо дар заминаи фақрзудоӣ дар Тоҷикистон, то расидан ба натиҷаи матлуб дар ин замина ҳануз роҳи дарозе дар пеш аст

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Намояндаи БҶ Лилия Брунчик гуфтааст, ки ҳукумати Тоҷикистон муваффақ шудааст мизони фақрро дар ин кишвар дар 10 соли ахир ба нисф бирасонад.

Ба гузориши хабаргузории "Форс" ба нақл аз "СА-нюз", ин намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ муътақид аст, ки ҳануз ҳам фақр муҳимтарин мушкил дар кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Вай афзудааст, дар шароити идомаи буҳрони иқтисодиву молӣ дар минтақа, барои Тоҷикистон коҳиши фақр кори осоне нахоҳад буд, зеро ҳифзи суръати рушди иқтисодии ин кишвар бастагӣ ба иҷрои барномаи муваффақи коофаринӣ хоҳад дошт, ки дар шароити идомаи буҳрони молии феълӣ ва коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия амалан монеаҳои зиёде дар ин роҳ вуҷуд дорад.

Ба гуфти Лилия Брунчик, ба манзури ҷазби бештари шаҳрвандони қобили кор дар Тоҷикистон, бояд дар ин кишвар бахши хусусӣ рушд ёбад ва молиёт кам шавад, зеро бе ҳимоят аз бахши хусусӣ ва додани имконоти яксон барои афроди фаъол дар бахши тавлид, расидан ба сатҳи матлуби коҳиши фақр имконпазир нест.

Бино ба тавсияи намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки барои сохти корхонаҳои ҷадиди саноатӣ барномарезӣ кунад ва ба вобастагии иқтисодии ин кишвар ба пули ирсолии коргарони муҳоҷир бикоҳад, зеро дар сурати идома ёфтани буҳрони иқтисодӣ дар Русия, Тоҷикистон мутаҳаммили хисорати фаровоне хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл дар дидор бо фаъолони бахши хусусӣ гуфта буд, ки дар 20 соли ахир мизони фақр дар ин кишвар аз 83 дарсад ба 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

36
Барчаспҳо:
фақрзудоӣ, бенавоӣ, фақр, Бонки Ҷаҳонӣ, Лилия Брунчик, Тоҷикистон
Мавзуъ
БҶ баТоҷикистон наҳваи ҷадиди мушшахассозии мизони фақрро меомӯзад
Русия барои коҳиши фақр дар Тоҷикистон 7 млн. доллар медиҳад