Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Ожонси мубориза бо фасод мудирони ширкати "Умед-88"-ро боздошт кард

119
(Таҷдидшуда 19:10 23.10.2017)
Раҳбарони ширкати сӯхтрасони "Умед-88" пас аз интиқоде боздошт шуданд, ки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо дар дидор бо коркушоёну корофаринон кардааст

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мудирони ширкати саҳомии "Умед-88"-ро ба иттиҳоми саркаши аз пардохти молиёт, тақаллуб ва қочоқи коло боздошт кард.

Ба гузориши равобити умумии Ожонс, ширкати маҳдудмасъулияти "Умед-88" 171 милюн сомонӣ қарзеро, ки моҳи маи соли 2015 аз ширкати "Нерӯгоҳи Роғун" барои шаш моҳ гирифта буд, бар нагардондааст.

Ширкати "Умед-88" тааҳҳуд карда будааст, ки барои рушди муҷтамеъи кишоварзиву санъатӣ дар Тоҷикистон ба ширкатҳои кишоварзӣ ба маблағи 171 милюн сомонӣ маводи сӯхт расонад.

Ожонси мубориза бо фасод барои бозҷусти табаҳкории бунёдгузори ширкати "Умед-88" Раҷабалӣ Одинаев ва мудири он Идибег Ибрагимов ва дигарон бо моддаҳои 246 қисми 3 банди "б", 264 қисми 2 ва 295 қисми 2 Қонуни кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда ва бозҷӯиро идома дорад.

Ёдоварӣ мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон 14 октябр дар дидор бо соҳибкорон роҳбарони ширкати "Умед-88"-ро муттаҳам ба хешонидани 170 милюн сомонӣ аз буҷаи давлат карда буд.

119
Барчаспҳо:
сӯхтрасонӣ, фасод, Умед-88, Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Додгоҳи Тоҷикистон корманди пешини Ожонси мубориза бо фасодро 15 сол зиндонӣ кард
Тоҷикистон мубориза бо фасоди иқтисодиву ришвахориро ташдид мекунад
Раиси Ожонси мубориза бо фасод овозаҳои боздошти кормандонашро, ки гӯё аз рӯи хусумат буда, бепоя хонд
Хилватшоҳ Маҳмуд: “Ожонси мубориза бо фасод баста шавад”