Пресс-конференция по итогам деятельности Таджикистан за 1-ю половину 2017 года

Тоҷикистон ва Покистон ҳамкории иқтисодиву тиҷориро густариш медиҳанд

36
(Таҷдидшуда 21:28 23.10.2017)
Фардо дар шаҳри Душанбе ҳамоиши бозаргонҳову корофаринони Тоҷикистону Покистон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҳамоиши бозагонҳову корофаринони Тоҷикистону Покистон бо ҳадафи тақвияти ҳамкории  иқтисодиву тиҷоратӣ миёни ду кишвар, ҷалби сармоя, пайдо кардани шарикон ва таъсиси корхонаҳои муштараки тавлидотӣ баргузор мешавад.

Ин ҳамоишро Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон баргузор мекунад. Дар ин ҳамоиш ширкату корхонаҳои тавлидотии Тоҷикистону Покистон, ки  дар бахшҳои энержӣ, сохтмон, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва дорусозӣ фаъолият доранд, ширкат мекунанд.

Ин ҳамоиш дар паи дидори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раисҷумҳури Покистон Мамнун Ҳусейн барпо мешавад, ки 18 сентябр дар Ишқобод баргузор шуда буд.

Дар он дидор сарони ду кишвар хостори афзоиши гардиши коло ва беҳбуди кори Шурои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Гурӯҳи муштараки энерживу зерсохтор шуда буданд.

Ҳамчунин раҳбарони Тоҷикистон ва Покистон хостори рушду тавсеъаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар заминаҳои тиҷорату иқтисод, роҳу таробарӣ, энержӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқобии хурду миёна ва хаттҳои интиқоли барқ, санъати коркарди маъданҳо, кишоварзӣ, амнияту дифоъ ва фарҳанг шуда буданд.

Интизор меравад, ки ин ҳамоиш дар ин заминаҳо пешрафте дар пай хоҳад овард.

36
Барчаспҳо:
ҳамоиши бозаргонӣ, Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон, Тоҷикистон-Покистон
Мавзуъ
Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ҳамкориҳои низомиву амниятиро густариш медиҳанд
Покистону Ҳиндустон нахустин бор дар нишасти СҲШ: Эрон чӣ?
Таъкиди Тоҷикистону Покистон бар тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ
Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориҳоро густариш медиҳанд
Бо даъвати Раҳмон: мулоқоти сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон
Раҳбарони Тоҷикистону Афғонистону Покистон дар Душанбе мулоқот хоҳанд кард