Пахта, акс аз бойнгонӣ

Муборак бошад: Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кард

54
(Таҷдидшуда 14:00 26.10.2017)
Имрӯзҳо дар пахтазорҳои кишвар ҷамъоварии пахта идома дорад. Баробари ин вилояти Суғд ва Хатлон ҳамчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз нақша пахта ҷамъоварӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки пахтакорони кишвар нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, "дар иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии пахта мусоид омадани шароити ҳаво ва риоя шудани агротехникаи парвариши пахта боис шудааст".

Гуфта мешавад, ҳарчанд нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шудааст, вале дар пахтазорҳо бардошти пахта ҳамчунон идома дорад.

Аз оғози мавсим то имрӯз дар кишвар 356107 (100,7%) тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 118 924 тонна бештар аст. Нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта то 23 октябр дар вилояти Суғд 102,4%, дар вилояти Хатлон 100%, ва дар ноҳияҳои тобеъи марказ 102,4% иҷро карда шуд.

Нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро шаҳри Турсунзода 117,9%, ноҳияи Шаҳринав 116,8%, ноҳияи Данғара 116,6%, ноҳияи Ашт 114,9%,  ноҳияи Ҷаббор Расулов 114,8%, ноҳияи Спитамен 112,3%, ноҳияи Рӯдакӣ 111,4%, ноҳияи Фархор 110,1%, шаҳри Конибодом 109,9%, ноҳияи Сарбанд 109%, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 109%, шаҳри Қурғонтеппа 108,7%, ноҳияи Зафаробод 106,4%, ноҳияи Ёвон 105,8%, ноҳияи Бохтар 105,4%, ноҳияи Дустӣ 104,7%, ноҳияи Хуросон 104,4%, ноҳияи Вахш 104,3%, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 102,2%, ноҳияи Ҳамадонӣ 102,2 ва шаҳри Кулоб 100,% иҷро кардаанд, ки аз фаровонҳосилӣ ва самараи кори хуби кишоварзони кишвар дарак медиҳад.

54
Барчаспҳо:
пахта, Вазорати кишоварзӣ, Тоҷикистон