Дарси Бонки миллӣ ба толибилмон: аз маърифати молиявӣ то таърихи пули миллӣ

© Фото : Аз равобити умумии Бонки миллӣДарси Бонки миллӣ ба толибилмони Душанбе
Дарси Бонки миллӣ ба толибилмони Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон дар Осорхонаи Бонки миллӣ ба толибилмони шаҳри Душанбе маъифати молиявиро омӯзонида дарс дода дар бораи таърихи пули миллӣ маълумот дод

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Бонки миллӣ, дар оғози чорабинӣ, сардори идораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявии Бонки миллӣ Рукмина Сафарова ба наврасон дар бораи аҳамият ва зарурати аз бар намудани донишҳои молиявӣ маълумот додааст.

Ҳамасола дар саросари кишварҳои ҷаҳон нимаи дуюми моҳи октябр чорабинии "Ҳафтаи байналмилалии пасандоз", ҷиҳати баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон, қайд карда мешавад.

БМТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ рӯйхати сармоягузорони теруристонро мунташир кард

Ба ҳамин хотир Бонки миллии Тоҷикистон, низ дар якчоягӣ бо Фонди хазинаҳои амонатгузорӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Олмон ва бонкҳои тиҷоратии кишвар дар гузаронидани чорабинии мазкур фаъолона ширкат меварзанд.

Дар баробари доир намудани машғулиятҳои интерактивӣ (инфиродӣ) ба толибилмон оид ба нигораҳои Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихи пайдоиши пули миллӣ, хусусият ва арзиши миллӣ будани он маълумоти мухтасар дода шуд.

Толибилмон дар баробари тамошои нигораҳои таърихӣ, аз ҷумла сикка ва дирҳамҳои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шинос шуда, бо як шавқи хоса ва таваҷҷуҳи зиёд ба нақлҳои масъули Осорхонаи Бонки миллии Тоҷикистон, таърихшинос Салмон Ҷамолов гӯш доданд.

Дар ҷамъбасти машғулият хонандагон ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ба онҳо китобчаҳо оид ба таърихи пули миллӣ ва нигораҳои Осорхонаи Бонк миллии Тоҷикистон, ки барои ғанӣ гардонидани дониши молиявии толибилмон мусоидат менамояд, тақдим гардид.

Манбаъ меафзоД, ки дар доираи ҳамкорӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо Фонди хазинаи амонатӣ ва муносибатҳои байналмилалии Олмон ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам барои муаллимони мактабҳои миёна тренингу семинарҳо ва барои хонандагон бозиҳои таълимии интерактивӣ таҳти унвони "Пасандоз" баргузор мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0