Ҳамоиш дар Куала-Лумпур

Коршиносони тоҷик ба соҳибкорони Малайзия: тиҷоратро дар ҶТ пеш баред

68
(Таҷдидшуда 18:19 26.12.2017)
Дар шаҳри Куала Лумпур бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Малайзия Ҳамоиш таҳти унвони "Муколамаи тиҷорӣ: Бурдани тиҷорат дар Тоҷикистон" баргузор гардидааст

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо ниҳоди минтақавии бахши хусусии Бонки Рушди Исломӣ дар Малайзия ва Корпоратсия оид ба рушди тиҷорати байналмилалии Малайзия (MATRADE) рӯзи 21 декабр баргузор шудааст.

Дар он муовини директори иҷроияи Корпоратсия оид ба рушди тиҷорати байналмилалии Малайзия хонум Шаримаҳтон Мат Солеҳ, директори минтақавии бахши хусусии Бонки Рушди Исломӣ ҷаноби Аҳмад Абдул Халид ва сафири Тоҷикистон дар Малайзия Муҳаммадӣ ширкат карда дар мавриди муносибатҳои Тоҷикистон ва Малайзия, доир ба дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишвар дар самтҳои иқтисод, тиҷорат, имтиёзҳо ҷиҳати соҳибкорӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон машварат кардаанд.

Коршиносони Вазорати рушди иқтисод ва савдо Сӯфиев, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи амволи давлатӣ Кенҷаев ва муовини директори Департаменти Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбӣ ва Африкаи Вазорати савдои байналмилалӣ ва саноати Малайзия Шариф муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Малайзия, имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд.

Манбаъ меафзояд, ки дар чорабинии мазкур намояндагони ВУХ, Вазорати тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия ва намояндагони ширкатҳои бонуфуз, соҳибкорони маҳаллӣ ва теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷикистонӣ ширкат варзидаанд.

68
Барчаспҳо:
семинар, муҳокима, иқтисод, Малайзия
Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

451
(Таҷдидшуда 09:11 26.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 26 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1324 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3288 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0186 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1324 то 0.1350 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3288 сомонӣ, 1 евро – 12.0186 сомонӣ ва 1 рубли русӣ —0.1324 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

451
Барчаспҳо:
рубл, сомонӣ, доллар, қурби асъор
Ювелирные изделия, архивное фото

Раҳмон коргоҳи заргарии "Одина"-ро ба истифода дод

161
(Таҷдидшуда 20:20 25.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, коргоҳи заргарӣ "Одина" дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Манбаъ афзуд, коргоҳи заргарии "Одина" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

"Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад", - омадааст иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд, таъкид шуд дар иттилоия.  

161
Барчаспҳо:
Ховалинг, Тоҷикистон
Флаг Ирана

Эрон аз мубодилаи маҳкумони эронӣ ва тоҷикистонӣ хабар дод

0
(Таҷдидшуда 19:14 26.09.2020)
Мақомоти Эрон аз мубодилаи ду маҳкуми эронӣ ва тоҷикистонӣ ва интиқоли яке аз маҳкумони эронӣ аз Қазоқистон ба кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 сен - Sputnik. Маҳмуди Аббосӣ, муовини ҳуқуқи башар ва умури байналмилали вазири додгустарӣ ва раиси Кумитаи интиқоли маҳкумони Эрон,  иттиҳоми ин афродро қочоқи маводи мухаддир унвон кард ва ба афроде, ки ба кишварҳои Осиёи Миёна ва минтақаи Қафқоз сафар мекунанд ҳушдор дод, муҷозотҳои сангине дар қиболи иртикоби ҷурм бавижа қочоқи маводи мухаддир ва маводи равонгардон дар интизори онҳо аст, иттилоъ додааст ИРНА.

Оқои Аббосӣафзудааст, ки интиқоли маҳкумон илова бар инки тобеи иродаи сиёсии кишварҳо аст ва ҳазинаи сангине бар байтулмол таҳмил мекунад, инъиқоди мувофиқатномаи маҳкумон илзоман ба маънеи интиқол нест ва ин мавзу ба иродаи сиёсии кишварҳо бар мегардад, бинобар ин таъкиди мо бар худдорӣ аз иртикоби ҷурм аз ноҳияи афрод ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм тавассути дастгоҳҳои масъул аст.

Раиси кумитаи интиқоли маҳкумон изҳор дошт, ҳамкории хубе байни вазорати додгустарӣ ва муовинати умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон шакл гирифта ва бояд аз руйкарди ҳамаҷонибаи муовини умури иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз вуқуъи ҷурми қувваи қазоияи Эрон ташаккур ва қадрдонӣ кунем, ки зимни мувофиқат бо ташкили кори гуруҳи пешгирӣ аз вуқуъи ҷурм дар Кумитаи ҳуқуқӣ ва қазоии ҳимоят аз эрониёни хориҷ аз кишвар, заминаи муносибе барои пардохтан ба ин мабоҳис дар қиболи эрониёни хориҷ аз кишвар фароҳам карданд.

0
Барчаспҳо:
табибони эронӣ, тоҷикистонӣ, мубодила, маҳбус, интиқол, маҳкум, Эрон, Тоҷикистон