Ҳазинаи таъсиси бонкҳои нави Тоҷикистонро 50 миллион сомонӣ нарх карданд

© SputnikЗдание Национального банка Таджикистана, архивное фото
Здание Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллӣ ҳадди ақалли сармояи бонкҳои навтаъсисро муқаррар кард

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии БМТ, ҳадди ақалли сармояи ойинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис 50 миллион сомонӣ муқаррар карда шуд.

Бо мақсади иҷрои саривақтии масъалаҳои дар назди Бонки миллии Тоҷикистон гузошташуда, Раёсати БМТ бо қарори навбатӣ аз 4 январи соли 2018 (№1) бо мақсади таъмини рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ, инчунин, ҷалби бештари сармоя ба низоми бонкӣ ба Дастурамали №176 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ" (банди 9) тағйирот ворид намуда, ҳадди ақалли сармояи ойинномавиро барои бонкҳои навтаъсис 50 миллион сомонӣ муқаррар намуд.

Санади мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №550 "ж" аз 5 январи соли 2018 ба қайд гирифта шуда, дар нашрияи расмӣ чоп шудааст ва тибқи муқаррароти қонунгузорӣ мавриди амал қарор мегирад.

Ин дар ҳолест, ки дар Паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид, дар баробари дигар вазорату мақомотҳои дахлдор дар назди Бонки миллии Тоҷикистон як қатор вазифаҳо гузошта шуд.

Лентаи хабарҳо
0