Тоҷикистон имсол камтар аз порсол орду гандум ворид кард

© Sputnik / Валерий Морев / Гузариш ба медиабонкУборка зерновых, архивное фото
Уборка зерновых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон барои расидан ба худбасоӣ ва пуштибонӣ аз тавлидоти дохилӣ воридоти орду гандумро аз кишварҳои хориҷӣ кам кардааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 1 милюну 14,5 ҳазор тонна ғалла ва 54,6 ҳазор тонна орд ворид кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар соли 2017 ғалла 19,6 ҳазор тонна ва орд 34,2 ҳазор тонна камтар аз соли 2016 ворид карда шудааст.

Фермерское хозяйство в Чеченской Республике - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии ҶТ: саршумори чорво дар кишвар афзоиш ёфтааст

Тоҷикистон барои расидан ба худбасоӣ ва пуштибонӣ аз тавлидоти дохилӣ воридоти орду гандумро аз кишварҳои хориҷӣ кам кардааст.  

Ҳукумати ҶТ барои афзоиши тавлиди орд дар дохили кишвар имтиёзҳоеро барои воридоти ғалла дар назар гирифтааст. Ҳамчунин дар кишвар чанд осиёби нави орд сохта шуда, ки онҳо ба сурати муназзам тавлиди дохилиро меафзоянд.

Тоҷикистон орду ғалларо асосан аз Қазоқистон ворид мекунад. Соли гузашта Тоҷикистон беш аз 1 милюну 34,1 ҳазор тонна ғалла ва 88,8 ҳазор тонна орд ворид карда буд.

Ҳамакнун дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи як халтаи 50-килуграмии навъи якуми орди Қазоқистон 175 – 180 сомонӣ ва орди тавлиди дохилӣ 165 сомонӣ аст.

 

Лентаи хабарҳо
0