Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукуматро оғоз кард

© Пресс-служба президента РТЗаседание правительства РТ, архивное фото
Заседание правительства РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумат нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 натиҷагирӣ ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018 муайян карда мешаванд.

Дар кори маҷлис роҳбарият ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони сохторҳо ва мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди раисҷумҳур ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доранд.

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2017 ҳисоботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода шунида шуд.

Лентаи хабарҳо
0