27 июля 2015 года Председатель  Торгово-промышленной палаты  Республики Таджикистан Шариф Саид принял Экономическую делегацию провинции Шэньси

Шариф Саид: аз мушорикати Чин дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон истиқбол мекунем

42
(Таҷдидшуда 19:37 18.01.2018)
Душанбе аз мушорикати густурдаи Чин дар иҷрои тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон истиқбол мекунад, гуфт раиси Утоқи бозаргониву саноеъи ҶТ Шариф Саид

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ба гузориши маркази матбуотии УБС ҶТ, Шариф Саид дар дидор бо Сюн Ян, ройзани бозаргонӣ ва иқтисодии Сафорати Чин дар Душанбе хостори густариши равобит миёни бозаргонони Тоҷикистон ва Чин шуд.

Саид ва Ян аз баргузории намоишгоҳи байналмилалии колоҳои чинӣ аз 18 то 20-уми декабри 2017 дар шаҳри Душанбе хушнудӣ карданд. дар ин намоишгоҳ беш аз 100 ширкату бозаргон аз Тоҷикистон ва Чин ширкат карда буданд, ки фурсате муносиб барои роҳандозии иртиботи мустақим миёни маҳофили тиҷории Тоҷикистон ва Чин ва намояндагони содиркунандагону воридкунандагон аз ду кишвар буд.

Шариф Саид дар ин дидор гуфт, ки Тоҷикистон хостори мушорикати маҳофили тиҷории чинӣ дар тарҳҳои иқтисодияш аст.

“Мо омодаем ҳамкориҳо бо сармоягузорони чиниро дар иҷрои тарҳҳои дорои авлавият барои Тоҷикистон дар бахшҳои барқӣ-обӣ, маъдан, санъат, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, сохтусоз, тиҷорат, бонкдорӣ ва ҳамчунин дар заминаи беҳдошту дармон, санъати дорусозӣ, омӯзишу парвариш ва гардишгарӣ густариш диҳем”, — гуфт вай.

Сюн Ян гуфт, мушорикати Тоҷикистон дар “Намоишгоҳи байналмилалии воридоти Чин” дар ноябри соли 2018 дар Шангҳай, як фурсати бисёре хуберо дар ихтиёри корофаринони тоҷик барои ироаи маҳсулоти худ қарор хоҳад дод ва дар натиҷа зарфияти содироти онҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Дар поёни ин дидор раиси Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон бо таъкид бар ин ки мушорикати ҷомеаи касбу кор ва маҳофили тиҷории Тоҷикистон дар намоишгоҳи Шангҳай бахше аз иҷрои барномаи давлатии Тоҷикистон барои тарвиҷи содирот ва ҷойгузинии воридот дар солҳои 2016-2020 аст, гуфт, барои осонсозии ҳузури намояндагони кишвараш дар ин намоишгоҳ талош хоҳад кард.

42
Барчаспҳо:
УБС ҶТ, Утоқи бозаргониву саноеъи Тоҷикистон, Сюн Ян, Шариф Саид, Чин, Тоҷикистон
Мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин меравад
Ширкати чинӣ дар Қирғизистон “Шаҳри ҳушманд” месозад
Чин дар Бадахшон пойгоҳи низомӣ месозад
Гумрукҳои Тоҷикистон ва Чин ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд