Интиқоди раисҷумҳур аз фаъолияти раҳбарони соҳаи сармоягузорӣ

© senat.uzПленарное заседание Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан
Пленарное заседание Сената Олий Мажлиса Республики Узбекистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҷаласаи корбурди барномаи нави ташаккул ва маблағгузории барномаҳои давлатии рушд, раисҷумҳур кори соҳаи сармоягузориро танқид кард

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар Узбакистон тарзи нави барномаи ташаккул ва маблағгузории барномаҳои сармоягузорӣ қабул шуд.

Дар ин бора оҷонсии УзА. хабар медиҳад.

Раисҷмуҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи корбурди барномаи нави ташаккул ва маблағгузории барномаҳои давлатии рушд, фаъолияти  соҳаи сармоягузориро танқид кард.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
"Ба фалон аптека равед": Эмомалӣ Раҳмон бархе аз пизишкони дорунависро танқид кард

Шавкат Мирзиёев дар баробари танқиди фаъолияти соҳаи сармоягузорӣ илова карда, ки дар корбурди барномаҳои саромягузорӣ ва экспертиза ҳам ғалатиҳои зиёде ҷой доранд. Ин раванд аз рӯи барномае кор мекунад, ки 15 сол пеш коркард шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки беш аз 560 корманди Вазорати молияи Узбакистон пас аз танқиди сахти Шавкат Мирзиёев аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

Шавкат Мирзиёев зимни ироаи паём фаъолияти Вазорати молияро тунд танқид карду ба вазири ин ниҳод дастур дод, ки дар давоми даҳ рӯз коргарони бекорхӯҷаро аз вазифа сабукдӯш карда ба ҷои онҳо кадрҳои "ҷавони ватандӯст"-ро ба кор гирад.

Дар ин росто дар Вазорати молия 24 корманд, 65 кормандони Кумитаи хазинадорӣ, 100 коргари Бунёди нафақа, 273 кормандони созмонҳои маҳаллӣ аз вазифа барканор шудааст.

Лентаи хабарҳо
0