Мурғ. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон аз Туркия гӯшти сафед мехарад

530
(Таҷдидшуда 17:06 24.01.2018)
Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Котиби кулли Анҷумани парандапарварон ва тавлидкунандагони гӯшти сафеди Туркия профессор Аҳмет Эргун мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умумри хориҷии ҶТ, намояндагони ду кишвар рӯзи 19 январ дидор ва мулоқот кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои хариду фуруши гушти мурғ ва маҳсулоти он ва ҳамзамон рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи парандапарварии Тоҷикистон, аз ҷумла имкониятҳо барои таъсиси корхонаи муштараки парандапарварӣ бо сармоягузории тарафҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Встреча таджикских и турецких дипломатов
Встреча таджикских и турецких дипломатов

Бар асоси маълумоти Анҷуман, истеҳсоли солонаи гушти паранда дар корхонаҳои аъзои он дар ҳудуди 2 миллион тонна қарор дорад. Содироти онҳо аз ҳисоби гушти парранда солона ба 720 миллион доллари ШМА баробар аст.

Пештар хабар дода шуд, ки соҳибкорони тоҷик ба зудӣ ба Туркия хоҳанд рафт.

530
Барчаспҳо:
гӯшти сафед, парандапарварӣ, ВУХ-и Тоҷикистон, Туркия, Тоҷикистон
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид, архивное фото

Норасоиҳоро бартараф кунед: супориши Давлаталӣ Саид ба роҳбарони МОИ

156
(Таҷдидшуда 12:47 25.01.2021)
Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ки ҳамзамон раиси Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷаласаи навбатии Шӯрои мазкур бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбута баргузор гардид.

Ба нақл аз АМИТ “Ховар” дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирон оид ба масъалаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ — муовини вазири рушди иқтисод ва савдо вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пештараи Шӯрои нозирон ва роҳбарони МОИ-и "Суғд", "Данғара", "Панҷ", "Ишкошим" ва "Кӯлоб" шунида шуд.

Давлаталӣ Саид, муовини якуми сарвазир дар ин ҷаласа таъкид доштааст, ки мақсади асосӣ аз таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ - ин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Давлаталӣ Саид ба ҳар камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаи дар ҳар  як минтақаи озоди иқтисодӣ таъкид карда, ба роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба бартараф намудани норасоиҳо, тақвият додани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунӣ ва содирот намудани онҳо ба хориҷи мамлакат супоришҳои қатъӣ дод.

Гуфта шудааст, ки аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои Шӯрои нозирон бо санади дахлдор қабул гардиданд.

156
Барчаспҳо:
Давлаталӣ Саид, содирот, истеҳсол, таъсис, Минтақаҳои озоди иқтисодӣ, Тоҷикистон
Доллар на земле, архивное фото

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 3,5 млрд. доллар дар Тоҷикистон

164
(Таҷдидшуда 12:18 25.01.2021)
Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллар мавриди татбиқ қарор доштааст

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунандаи онҳо дар соли 2020 баргузор гардид.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд.

Таъкид шудааст, ки зимни ҷаласа татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2020, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо баррасӣ шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа қайд гардидидааст, ки барои рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳолати 1 январи соли 2021, 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз онҳо 29 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошанд.

Дар ин ҷаласа муовини якуми сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид барои ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

164
Барчаспҳо:
маблағ, лоиҳа, сармоягузорӣ, Тоҷикистон

Бабри барфӣ дар Ишкошим 45 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод

0
(Таҷдидшуда 12:19 25.01.2021)
Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур озодапангро дастгир карда, тибқи қоидаҳои бехатарӣ дар минтақаи кӯҳӣ ӯро раҳо намуданд

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба сокини маҳалӣ бабри барфӣ хисороти калон расондааст, хабар медиҳад бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур.

Ба иттилои манбаъ, озодапанг ба оғилхонаи сокини ин ноҳия ворид шуда, дасти кам 45 сар ҳайвони шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан, аз ҷониби кормандони бахши муҳити зист, озодапанг дастгир гардида, бидуни расонидани осеб ва тибқи коидаҳои бехатарӣ ӯро ба минтақаи кӯҳӣ интиқол дода, раҳо намуданд.

Манбаъ меафзояд, зарари расида ба сокини маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист ҷуброн карда мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бабрҳои барфии калонсол, бинобар беқувватии худ дар фасли сармо асосан ба оғилхонаҳои сокинони маҳал даромада, ҳайвоноти майдаро тӯъмаи худ қарор медиҳанд.

Наҷоти бабри барфӣ дар Бадахшон

Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шудааст ва ин намуд ҳайвон  ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил гардидааст. 

Намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ҳудуди 70 дарсади макони зисти озодапаланг маҳз ВМКБ аст.

0
Барчаспҳо:
гӯсфанд, паланг, Ишкошим