Национальный банк Таджикистана, архивное фото

Бонки миллӣ захираҳои арзии Тоҷикистонро дучандон афзуд

56
(Таҷдидшуда 18:32 09.02.2018)
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2017 ҳаҷми захираҳои арзиву тиллои кишварро ду баробар бештар аз аз ҳаҷми воридот кардааст

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Раиси БМТ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода гуфт, дар соли гузашта Бонки миллӣ захираи тиллову арзро ду баробар бештар аз ҳаҷми воридот аз 2,4 моҳ то 5,6 моҳ, баробар бо 709,5 милюн дулор, афзоиш додааст.

“Бонки миллӣ порсол тавонист захираҳои арзиву тиллоро ду баробар бештар кунад, яъне бештар аз ҳаҷми воридот дар 2,4 то 5,6 моҳ, камубеш 709,5 милюн дулор. Порсол мо аз ширкатҳои истихроҷкунандаи тилло беш аз 4 тонна тилло харидем. Ин захираи тилло ҳам дар бонкҳои кишвар ва ҳам дар Олмону Швейсария нигаҳдорӣ мешаванд”, — гуфт Нурмуҳаммадзода.

Бмно бар додаҳои омор, Тоҷикистон дар соли гузашта бо кишварҳои ҷаҳон ба арзиши 3.973 милёрд дулор хариду фурӯш карда аст.

Бар асоси стандарти ҷаҳонии амнияти хоруборӣ, ҳаҷми захираҳои тиллову арзии ҳар кишвар бояд баробар бо ҳаҷми воридоти семоҳа бошад. Раиси БМТ афзуд, ки Бонки миллӣ ва Вазорати дороии Тоҷикистон муваззаф ҳастанд кулли тиллоеро, ки дар кишвар истихроҷ мешавад, харид кунанд.

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2017, бино бар додаҳои БМТ, 7,1 дарсад рушд кардааст. “Ҳаҷми тавлиди нохолиси дохилӣ 61,1 милёрд сомонӣ баровард мешавад, ки,02 дарсад бештар аз соли 2016 аст. Мизони таваррум дар поёни сол 6,7 дарсад буд, дар сурате, ки мо 7 дарсад таваррумро интизор доштем”, — гузориш дод раиси БМТ.

Вай ҳамчунин гуфт, ки дар соли 2017 нархи расмии сомонӣ нисбат ба дулори амрикоӣ 12,0 дарсад коҳиш ёфта ва ҳамакнун ҳар 1 дулори амрикоӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 8,83 сомонӣ арзиш дорад.

“Ҳаҷми пул дар соли 2014 баробар бо 14,6 милёрд сомонӣ буд, ки аз он 11,7 милёрд сомонӣ дар гардиш буда, ки 20,9 дарсад бештар аз соли 2016 аст”, — афзуд раиси Бонки миллӣ.

Бино бар додаҳои БМТ, ҳамакнун дар Тоҷикистон 17 бонк ва 27 созмони хурдавомдиҳанда фаъол аст.

56
Барчаспҳо:
захираҳои арзиву тилло, Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҳазинаи таъсиси бонкҳои нави Тоҷикистонро 50 миллион сомонӣ нарх карданд
Бонки миллӣ: арзиши сомонӣ дар соли 2017 нисбат ба рубл 20,8 дарсад коҳиш ёфт
Бонки миллӣ: мушкили қабули маблағҳо дар терминалҳо ба наздикӣ ҳал мешавад
Бонки миллии Тоҷикистон се созмони бонкдории хурдро баст
Раиси Бонки миллӣ мушаххас нагуфт, ки бонкҳо кай қарзи муштариёнро бозпас медиҳанд
Бонки миллӣ нархи хариду фурӯши арзҳоро муқаррар кард