Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО

Тоҷикистон бо ёрии Чин корхонаи нави алюминий месозад

90
Гуфтушунидҳо барои сохтусози корхонаи нави алюминий, ки ба дастури раҳбарони Тоҷикистон ва Чин баргузор мешаванд, наздик ба поён ёфтан расидаанд, иттилоъ дод Ширкати алюминиии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тоҷикистон бо ёрии Чин як корхонаи нави тавлиди алюминий хоҳад сохт, гуфт раҳбари дафтари иттилоърасонии ТАЛКО Игор Сатторов.

“Ширкати давлатии ТАЛКО ба далели сохтусози корхонаи муштараки алюминий бо Чин барои ду сол корашро боз хоҳад истонд”, — хабар дод Сатторов.

Вай афзуд, ки гуфтушунидҳо барои сохтусози корхонаи нави алюминий, ки ба дастури раҳбарони Тоҷикистон ва Чин баргузор мешаванд, наздик ба поён ёфтан расидаанд.

Ин корхонаро ширкати чинии "Yunnan" хоҳад сохт. Тавофуқ дар ин бора дар раванди охирин сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Чин ҳосил шуда буд.

“Инро, ки ҳар кадоме аз кишварҳо чи миқдор сармоя дар ин корхона хоҳанд гузошт, наметавонам ошкор кунам, чун асрори тиҷорӣ аст”, — гуфт сухангӯи ТАЛКО.

Сохтусози ин корхона, ки 1,6 милёрд дулор арзиш дорад, дар соли 2018 оғоз мешавад ва қарор аст дар яку ним сол сохта шавад. Тавони тавлидии корхонаи нав 503 ҳазор тон алюминии хом дар сол дар назар гирифта шудааст. Ин корхона ҳамчунин коргоҳи рехтагарӣ барои тавлиди 800 ҳазор тон фароварда дар сол ва коргоҳи анодӣ барои тавлиди 300 ҳазор тон фароварда низ хоҳад дошт.

Сатторов пеш аз ин гуфта буд, ки чунин корхона, ки дар онҳо навтарин дастовардҳои фанноварии тавлиди алюминий ба кор гирифта шуда бошанд, дар саросари ҷаҳон танҳо сето аст, ки ҳама дар Чин сохта шудаанд.

Бо роҳандозии корхонаи нави алюминий барои 1100 кас кор офарида хоҳад шуд, ки музди корашон ҳам боло хоҳад буд.

90
Барчаспҳо:
алюминий, ТАЛКО, Ширкати алюминии Тоҷикистон, Чин, Тоҷикистон
Мавзуъ
“Барқи тоҷик” масрафи солонаи барқи ТАЛКО-ро ошкор кард
Ширкати ТАЛКО дар 10 моҳ тавлиди алюминийро 23 дарсад коҳиш дод
Тоҷикистон як корхонаи нави алюминий ба андозаи ТАЛКО месозад
Вазири саноат: ТАЛКО мушкилот дорад ва онро бояд ҳал кард