ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон, зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба бо назардошти имкониятҳои мавҷуда доир ба як қатор масъалаҳо мубодилаи афкор намудаанд.
Сироҷиддин Икромӣ оид ба самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии Тоҷикистон, имкониятҳои ҳамкории Бонки рушди Уросиё бо Бонки миллии Тоҷикистон изҳори назар намудааст.
Намояндагони Бонки рушди Уросиё аз тавсеа ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти низоми бонкӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кардаанд, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати мазкур — ба роҳ мондани истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркуниҳои тарафайн, татбиқи муносибатҳои муросилотӣ дар самти кушодани ҳисобҳои муросилотӣ ва баррасии дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ миёни Бонки рушди Уросиё ва Бонки миллии Тоҷикистон аст.
Муовини раиси БМТ, дар идомаи мулоқот гуфтааст, ки таклифу пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои зикршуда ва гузариш ба сатҳи нави ҳамкориҳо дар самти дастгирии низоми бонкии кишвар мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода мешаванд.
Манбаъ афзуда, ки мулоқоти дар фазои хуби ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, дар баробари масъалаҳои зикргардида, ҷонибҳо инчунин вобаста ба дигар масъалаҳои рушди иқтисод ва низоми бонкӣ муҳокимаронӣ намудаанд.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бонки марказии Ӯзбекистон дар гузорише аз афзоиши даромади ин кишвар аз ирсоли маблағҳои коргарони муҳоҷир хабар дод, гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс.
Бонки марказии Ӯзбекистон таъкид кардааст, ки бо вуҷуди пандемия даромади гирифта аз муҳоҷирони кишвар афзоишро нишон додааст.
“Бо вуҷуди густариши корона дар кишварҳои мухталиф дар соли 2020 коргарони муҳоҷири ӯзбек 6 миллиарду 30 миллион доллар ба дохили кишвар мунтақил кардаанд”, - навиштааст манбаъ.
Бонки марказии Ӯзбекистон пешбинӣ кардааст имсол ҳам раванди интиқоли пули коргарони муҳоҷири ин кишвар рӯ ба афзоиш хоҳад буд.
Ӯзбекистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирони корияш дар Русия яке аз ҷойҳои аввалро мегирад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, ки интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз Русия ба ватан коҳиш ёфтааст.
ДУШАНБЕ, 20 янв - Sputnik. Таҳлилгарон гуфтанд, ки пас аз савгандёдкунии президенти тозаинтихоб Ҷо Байден қурби доллар ва евро чӣ гуна хоҳад буд
Пас аз савгандёдкунии сарвари нави давлат, доираи тағирёбии асъор нисбат ба ҳолати муқаррарӣ барои бозор камтар хоҳад буд, гуфт Анна Бодрова, таҳлилгари калони ИАЦ "Альпари", дар сӯҳбат бо "Российская газета".
Ба гуфтаи вай, дар ҳафтаи сеюми моҳи январ қурби доллар ҳудуди 73,5-75,5 рубл фарқ хоҳад кард. Аммо, нархи солимтари он 76-77 рублро ташкил хоҳад дод. Евро дар ҳудуди 89-91 рубл боқӣ хоҳад монд.
Бодрова гуфт, ки аз аввали моҳи январ қурби доллар бо рубл ҳамагӣ 0,2% коҳиш ёфтааст. Бо вуҷуди ин, ноустувории баланд боқӣ мемонад.
"То он даме, ки ин омил амал мекунад, рубл ба он чизе, ки дар атрофаш рух медиҳад, ба таври зебо муносибат мекунад, дар айни замон, иштирокчиёни бозор ба таври возеҳ заминаи ахборро, ки ба назар мусоидтар менамояд, "интихоб мекунанд", - қайд кард таҳлилгар.
Вай таъкид кард, ки зикри таҳримҳои Амрико алайҳи Русия дар рӯзҳои аввали Байден ба ҳайси президент метавонад боиси коҳиши "шадид ва эҳсосии" рубл шавад.
Арзиши рубли русӣ каме боло рафт: Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро эълон кард
Ба гуфтаи Бодрова, такягоҳ барои бисёре аз сармоягузорон эътимоди онҳо ба эмгузаронии коронавирус буд.
Ин ба нигоҳ доштани сатҳи баланди ҳам нархи нафт (55-57 доллар барои як баррел) Brent ва ҳам асъори кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҳамакнун давоми 10 шабонарӯз мешавад, ки дар Тоҷикистон сироятшавӣ ба коронаиврус сабт намешавад.
Вазорати тандурустӣ бошад, ҳамарӯза омори ҷадиди коронавирусро нашр мекунад ва рақамҳои сирояту шифоёбӣ ва ҳамчунин фавт аз ин беморӣ бидуни тағйир, такрор меёбанд.
Охирин мавриде, ки сироятшавии се нафар ба коронаиврус сабт гардида буд, рӯзи 10 январ сурат гирифт. Вале вазорат мегӯяд, ки дар ҷумҳурӣ ягон мубталои коронавирус боқӣ намондааст, дар ҳоле, ки аз мариз шудани се нафари охирин ҳамагт 11 рӯз сипарӣ шуд.
Бар тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон ҷамъан 13 308 нафар гирифтори коронаиврус шуданд, ки аз ин миён аллакай 13 218 нафар шифо ёфтанд.
Аз 13 308 маризи коронавирус дар Тоҷикистон 90 кас фавтида, дигарон шифо ёфтанд
"Аз оғози бурузи коронавирус дар Тоҷикистон 90 нафар ба ҳалокат расиданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз - 20 январ Ситоди ҷумҳуриявӣ расман эълон кард, ки сар аз 1 феврал дари масоҷид ба рӯи намозгузорон боз мешавад.
"Аз 1-уми феврали соли 2021 дар Тоҷикистон баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода мешавад", - омадааст дар хабари Ситоди ҷумҳуриявӣ.
Манбаъ меафзояд, дар сурати риоя нашудани талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, фаъолияти масҷидҳо метавонад масдуд шавад.