Дулор, акс аз бойгонӣ

СТТА давраи дастрасӣ ба эътибори молиро барои Тоҷикистон тамдид кард

39
(Таҷдидшуда 18:36 03.04.2018)
Асос барои гирифтани тасмими мазкур, арзёбии мусбии Шӯрои СТТА роҷеъ ба маҷмааи чорабиниҳо дар робита ба кам кардани хатарҳои барқарорсозии қурби зиёди мубодилаи асъор гардидааст, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон пазируфта шудааст

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Шӯрои сандуқи тасбит ва тавсеаи Авруосиё (СТТА) давраи дастрасӣ ба кредити молиявиро бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми март то 15-уми майи соли 2018 тамдид кард, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти СТТА.

Мувофиқи тасмими Шӯрои СТТА, барои мақомоти Тоҷикистон ногузир аст, ки то 1-уми майи соли 2018 як қатор санадҳои меъёриро, ки созишномаҳои худро бо Бонки рушди Авруосиё дар бахши коҳиш додани хатарҳои барқарорсозии қурбҳои зиёди асъор, ва инчунин ба мувофиқа расонидани тадбирҳо барои ҳалли қарзҳои ақибафтода дар назди   СТТА, ба имзо расонад, омадааст дар гузориш.

БРАО ба Тоҷикистон дар қарздиҳӣ барои бахши хусусӣ кумак хоҳад кард

Қайд карда шудааст, ки тасмим дар робита ба дастгирии минбаъдаи Барномаи ислоҳоти ҳукумат ва Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои СТТА дар асоси гузориши БРАО, гирифта мешавад.

То имрӯз ба Тоҷикистон як транш дар ҳаҷми 20 миллион доллар дода шудааст. Барнома барои таҳкими суботи иқтисоди Тоҷикистон дар муқобили таҳдидҳои берунаи иқтисоди ҷаҳонӣ, равона гардидааст.

Дар маҷмӯъ, қарз дар ҳаҷми 40 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Пештар мутахасисони БРАО қайд карда буданд, ки барои кишварҳои шарик соли 2017 метавонад дар дастёбӣ ба масири рушди устувор, муваффақ бошад.

Мутахассисон дастовардҳои сатҳи пасти таваррум, барқарор намудани захираҳои тиллову асъор, коҳиши маеъёрҳои калидии Бонки марказии кишвар, устувории нисбии қурбҳои асъор ва такмили рейтинг ва пешгӯиҳоро дар бораи онҳо аз ҷониби оҷонсиҳои асосии рейтингӣ, қайд кардаанд.

БРАО: алоқамандии тоҷикистониён ба пайвастан бо БРАО тадриҷан коҳиш меёбад

Коршиносони бонк қайд карданд, ки Тоҷикистон дорои яке аз нишондиҳандаҳои баландтарини сатҳи қарзи ақибмонда аст  - 24,1% (бе дарназардошти ҳисоби қарзи байнибонкӣ).

Дар БРАО ба саргармиҳои аз ҳад зиёди рушди иқтисодӣ бар зарари устувории макроиқтисод, ҳушдор медиҳанд.

Бонки рушди авруосиёӣ (БРАО) ташкилоти байналмилалии молиявӣ буда, аз ҷониби Русия ва Қазоқистон моҳи январи соли 2006 таъсис ёфтааст. Ҳадафи асосии таъсиси он — мусоидат ба рушди иқтисоди бозаргонии кишварҳои шарик, рушди устувори иқтисодӣ ва тавсеаи муносибатҳои тиҷориву иқтисодии онҳо, мебошад.


Сармояи оинномавии БРАО 7 миллиард доллар мебошад. Давлатҳо —  аъзоёни Бонк инҳоянд: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон.

 

39
Барчаспҳо:
қарз, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

384
(Таҷдидшуда 13:22 30.10.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 29 октябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1308 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3398 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 12.1276 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1308 то 0.1365 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3398 сомонӣ, 1 евро – 12.1276 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1308 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

384
Барчаспҳо:
сомонӣ, рубл, Бонки Миллӣ
Цементный завод, архивное фото

Пас аз се сол: корхонаи гаҷи Конибодом фаъолияти худро аз сар гирифт

233
(Таҷдидшуда 12:57 30.10.2020)
 Гурӯҳи ширкатҳои “Нур” – и вилояти Суғд корхонаи гаҷтахтаи худро пас аз се соли таваққуф дигарбора фаъол кард

 ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Нуруллоҳ Усмонов, мудири кулли гурӯҳи ширкатҳои “Нур”, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, се соли қабл ба далоили мушкилоти молиявию фаннӣ кори худро ба тавқиф гузошта буд.

“Дар ин муддат мо талош кардем, ки ин ҳама мушкилотро бартараф намуда, дигарбора ба кор шурӯъ кунем. Ҳадаф истеҳсоли маводи сохтмонии маврид ниёз аст, ки ҷойгузини маводи ҳамсони воридотӣ ба кишвар хоҳад шуд. Дар ин амр ба мо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, низ кӯмаки худро дареғ надоштанд. Бахусус, дастурҳои он кас барои бартараф кардани як қатор мушкилоти бюрократӣ хеле муҳим буд”, - гуфт Нуруллоҳ Усмонов.

Корхонаи тавлиди гаҷтахтаи “Моҳии заррин”, яке аз корхонаҳои гуруҳи ширкатҳои “Нур”, соли 2016 дар қаламрави деҳаи Ниёзбеки ноҳияи Конибодом ташкил шудааст. Зарфияти он тавлиди 200 тон гаҷ ва 500 тон сангреза дар рӯз аст, ки аз ашёи хоми маҳаллӣ ба даст меояд.

Тибқи иттилои мудири кулли гуруҳи ширкатҳои “Нур”, дар корхона 60 нафар истихдом шудаанд, ки мудирияти ширкат ба онҳо ба таври мутавассит 2500 сомонӣ музди меҳнат пардохт мекунад.

“Ҳудуди 40 нафари дигар дар боғи корхона ба кор машғул мешаванд, ки барои тавсеаи он шароити хуб эҷод шудааст. Як чоҳ низ дар сойи наздики корхона ҳафр шудааст, ки обёрии заминҳои боғ ва атрофро фароҳам мекунад”, - гуфт Нуруллоҳ Усмонов.

Афзоиши тавлиди гаҷкартон дар Тоҷикистон ва содироти он ба Узбакистону Афғонистон

Гурӯҳи ширкатҳои “Нур” аз сӯи Нуруллоҳ Усмонов, яке аз соҳибкорони муваффақи Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҷуз “Моҳии заррин”, як гимназияи хусусӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаб – интернати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон, Маркази ташхисию солимгардонӣ дар деҳаи Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маҷмааи хурди саноатии “Нуртекс” дар шаҳри Хуҷандро, ки ба тавлиди кабелу профил, ширешу дигар маводи сохтмонӣ машғул аст, муттаҳид мекунад.

233
Президент Франции Эммануэль Макрон и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон: "аз шумо хотироти нек дорам"

0
(Таҷдидшуда 20:53 30.10.2020)
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо аз нав интихоб гардидан ба маснади сарвари давлат муборакбод гуфт

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар нома ин сиёсатмадор аз сафари охирини раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Фаронса ёдоварӣ кардааст.

"Ман аз музокироти дар рафти сафари Шумо ба Порис, ки моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд, хотироти нек дорам. Тавре ки он вақт таъкид карда будам, ман алоқаманди таъмиқи бештари ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус муносибатҳои мо дар соҳаи иқтисод, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика ва авиатсия, ки имкониятҳои ҷолиби диққати ширкатҳои ду кишвари моро доранд, ҳастам".

Макрон ҳамчунин талошҳои Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати таъмини суботи минтақа ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъкид кардааст

Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсатмадорони воломақоми Урупо

"Дар баробари ин, ман аз идомаи муколамаи мову шумо доир ба ташаккули таркибии сиғаи минтақавии "5+1", ки Шумо ба он рағбат пайдо карда будед ва аз нигоҳи ман роҳи умедбахши таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи мо бо кишвари Шумо ва ҳамсояҳоятон дар Осиёи Марказӣ мебошад, хушҳол хоҳам буд", мегӯяд Макрон.

0
Барчаспҳо:
номаи шодбошӣ, Тоҷикистон, Фаронса, Эммануэл Макрон, Раҳмон