Шаҳрвандони Тоҷикистон андозро ба тарзи нав месупоранд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкБанковские карты международных платежных систем VISA. Архивное фото
Банковские карты международных платежных систем VISA. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд минбаъд андозро ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои муосири электронӣ пардохт намоянд

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи андози Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ тарҳеро роҳандозӣ кард, ки мувофиқи он қабули андозҳо ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути шабакаи Интернет амалӣ мегардад.

Тарҳи мазкур ба дорандагони кортҳои пардохтӣ имкон медиҳад, ки минбаъд маблағҳои андозиро ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои муосири электронӣ пардохт намоянд.

Корпорация Google, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон мехоҳад аз Google, Facebook, Apple ва Microsoft андоз ситонад

Инчунин, татбиқи Интернет-эквайринг имконият медиҳад, ки андозсупорандагон тавассути сомонаи Кумитаи андоз дар шабакаи Интернет андозҳоро ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.

Бино ба иттилои манбаъ, бо роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ имкон пайдо карданд, ки 24 соат дар як шабонарӯз ва 7 рӯз дар як ҳафта тамоми намуди андозҳоро бе ташриф овардан ба марказҳои хизматрасонии бонкӣ пардохт намоянд.

Ба ҳолати имрӯза шумораи андозсупорандагон аз ҳисоби шахсони воқеӣ 4 млн. адад ва соҳибкорони инфиродӣ беш аз 270 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, дорандагони кортҳои пардохтии НП "Корти миллӣ" беш аз 1,4 млн. нафар буда, 83 фоиз аз шумораи умумии дорандагони кортҳои пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Пардохти андозҳо ба тариқи онлайн дар сомонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ бо нишони – www.andoz.tj дастрас мебошад.

Муштариён ба қисмати дахлдори сомона ворид мешаванд, рақами мушаххаси андозсупорандаро (РМА)-ро ҳуруфчин намуда, намуди андоз ва маблағи пардохтшавандаро интихоб мекунанд.

Сипас, мушаххасоти корти пардохтиро ворид карда, пардохтро тасдиқ менамоянд. Дар давоми рӯз тамоми пардохтҳо дар реҷаи онлайн коркард мешаванд ва пардохтҳое, ки дар вақти ғайрикорӣ иҷро мегарданд, дар рӯзи минбаъда коркард хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0