Аҳмадзода ба сармоягузорони Саудӣ: бо соҳибкорони Суғд қарордод бандед

Обуна шудан
Рӯзҳои 8, 9 май ҳайати сармоягузорони Арабистони Саудӣ барои ширкат иштирок дар Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкории вилояти Суғд ба ин имнтақа омаданд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Меҳмонон тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд сурат гирифта, онҳо ба ҷойҳои таърихӣ, табиати зебо ва манзараҳои дилфиреби вилоят аз наздик ошноӣ пайдо намуданд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Ба гузориши манбаъ, рӯзи 9 май дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардидааст.

Дни культуры Саудовской Аравии в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Меҳмон аз Арабистон: "Тоҷикистон дар воқеъ биҳишти рӯи замин будааст"

Дар форум раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, роҷеъ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, бахусус соҳаҳои саноату кишоварзӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, имкониятҳои содиротӣ ва минтақаҳои сайёҳӣ маълумот дод.

"Боварӣ дорам, ки баргузории форуми муштарак ба таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ мусоидат хоҳад намуд ва шартномаҳои нави ҳамкорӣ байни соҳибкони Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд ба имзо мерасанд", — таъкид кардааст Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар форум ҳамчунин мудири департаменти робитаҳои байналмилалии шартномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузории Саудӣ Ал – Мифқӣ Бадр Муҳаммад, муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузори Тоҷикистон Абдулмаҷид Мумин, сафири Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал – Бадӣ, сафири Тоҷикистон дар Саудӣ Зарробиддин Қосимӣ ширкат кардаанд.

Манбаъ афзуда, ки сармоягузоорони араб аз ярмарка – намоиши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии вилоят дидан намуда, бахусус ба маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаву муфид, меваву сабзавоти кишоварзони вилоят ва обҳои нӯшокии ширини ватанӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд.

Ҳамзамон, иштирокдорони форуми муштарак аз Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", маҷмааи миллии "Оши палов", маҷмааҳои таърихӣ – фарҳангии Истиқлол" ва "Боғи Камоли Хуҷандӣ", осоишгоҳи "Баҳористон" ва як қатор корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ дидан намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0