Ҳамоиши иқтисодӣ дар Суғд.

Дар Суғд ҳамоиши соҳибкорони Куриё ва Тоҷикистон баргузор шуд

43
(Таҷдидшуда 11:15 18.05.2018)
Намояндагони Ҷумҳурии Куриё аз ин сафар изҳори қаноатмандӣ кардаанду, гуфтаанд, ки баргузории Бизнес-форум дар оянда самараи нек хоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Дар вилояти Суғд ҳамоиши доираҳои тиҷории Тоҷикистону Куриёи Ҷанубӣ баргузор шудааст, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки гуруҳи меҳмонон бо роҳбаладии муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ гуруҳи меҳмонон ба Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" омада, бо фаъолияти корхонаи "Арча" ошно шудаанд.

Пас аз боздид, дар Кохи матбуоти маркази вилоят бо иштироки соҳибкорони вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Куриё Бизнес-форум баргузор шудааст.

Анвар Яъқубӣ изҳори боварӣ кардаааст, ки ташрифи меҳмонон ба рушди муносибатҳои дуҷонида такони ҷиддие хоҳад бахшид.

Намояндагони Куриё аз ин сафар изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кардаанд, ки баргузории Бизнес-форум дар оянда самараи нек ба бор хоҳад овард.

Манбаъ афзуда, ки ба меҳмонон имкониятҳои вилояти Суғд муаррифӣ шудааст.

Роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" зимни муаррифии зарфиятҳои ин минтақа гуфтааст, ки дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил карда шудааст, ки яке аз онҳо дар вилояти Суғд мебошад.

Ҳоло дар ин минтақа 24 корхона ба қайд гирифта шудааст.

43
Барчаспҳо:
доираҳои тиҷорӣ, ҳамоиш, Суғд, Тоҷикистон