Терминал. Акс аз бойгонӣ

Беш аз 1100 адад терминалҳои электронӣ дар анборҳои ташкилотҳои қазӣ хобидаанд

83
(Таҷдидшуда 17:31 18.05.2018)
Дар анборҳои ташкилотҳои қарзӣ беш аз 1100 адад терминалҳои электронӣ захира гардидааст

ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон айни замон, дар анборҳои ташкилотҳои қарзӣ зиёда аз 1100 адад терминалҳои электронӣ захира гардидаанд ва барои насб кардан омода мебошанд.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки Бонки миллӣ барои таъмини соҳибкорон бо терминалҳои электронӣ аз он ҷумла дар манотиқи дурдасти кишвар чораҳои зарурӣ меандешад.

"Дар баробари муроҷиат кардани соҳибкор ба ташкилотҳои қарзӣ бо ӯ шартнома баста шуда, терминали электронӣ дар муддати кӯтоҳтарин дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насб карда мешавад" — иттилоъ додааст манбаъ.

Дар давоми чор моҳи соли 2018 шумораи терминалҳои электронӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ 2366 ададро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар чор моҳи соли 2018 ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдӣ бо истифодаи кортҳои пардохтӣ 135,6 млн. сомониро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллӣ миқдори умумии кортҳои пардохтӣ аз тарафи 17 ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба муомилот баровардашуда 1 720 636 ададро ташкил додааст.

Дар моҳҳои январ-апрели соли 2018 ҳаҷми умумии амалиётҳо бо истифодаи кортҳои пардохтӣ 3,1 млрд. сомониро ташкил додааст.

83
Барчаспҳо:
БМТ, Тоҷикистон