Бонки осиёии рушд. Акс аз бойгонӣ

Бонки осиёии рушд сармоягузори асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад

94
(Таҷдидшуда 17:32 30.05.2018)
Бонки осиёии рушд ҳамоно яке аз боэътимодтарин шарики Тоҷикистон ба ҳисоб меравад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бонки осиёии рушд донори асосии байналмиллалии Тоҷикистон мебошад. Ҳаҷми кумаки бонки мазкур ба Тоҷикистон дар шакли қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумакҳои техникӣ 1,6 млрд. долларро ташкил додааст, омадааст дар гузориши бонк.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 82 дарсади сармоягузорӣ ба Тоҷикистон аз тарафи Бонки осиёии рушд сурат гирифтааст. Дар ҳамин ҳол ҳаҷми зиёди сармоягузории Бонки осиёии рушд ба андозаи 90 миллион доллар ба соҳаи нақлиёт равона шудааст.

Чанде пеш бонк барои азнавсозии роҳи 40 километрии Душанбе-Бохтар (Қурғонтеппа) дар вилояти Хатлон дар ҳаҷми 90 миллион доллар грант ҷудо намудааст.      

Ҳамчунин Бонки осиёии рушд барои беҳтар намудани нигоҳубини саломатиии модару кӯдак дар ҳаҷми 700 ҳазор доллар кумаки техникӣ расонда боз маблағгузории ду барномаи дигарро дар ҳаҷми 18,37 миллион доллар тасдиқ намудааст.

Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии рушдро боэътимодтарин шарики Тоҷикистон арзёби карда, таъкид карда буд, ки бонк аз соли 1998 то имрӯз наздик ба 1,6 млрд. доллар сармоягузорӣ кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти бонк барои дастгирии молиявӣ дар соҳаҳои маориф, энержӣ, нақлиёт, гумрук ва пешгирии офатҳои табии изҳори минатдорӣ намуд.

94
Барчаспҳо:
рушди иқтисод, сармоягузорӣ, БОР, Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон
Сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

440
(Таҷдидшуда 09:11 26.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 26 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1324 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки чигуна устувории хоҷагии қишлоқ дар Тоҷикистон ба иқтисод таъсир мекунад

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3288 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.0186 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1324 то 0.1350 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3288 сомонӣ, 1 евро – 12.0186 сомонӣ ва 1 рубли русӣ —0.1324 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

440
Барчаспҳо:
рубл, сомонӣ, доллар, қурби асъор
Ювелирные изделия, архивное фото

Раҳмон коргоҳи заргарии "Одина"-ро ба истифода дод

158
(Таҷдидшуда 20:20 25.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, коргоҳи заргарӣ "Одина" дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Манбаъ афзуд, коргоҳи заргарии "Одина" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

"Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад", - омадааст иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд, таъкид шуд дар иттилоия.  

158
Барчаспҳо:
Ховалинг, Тоҷикистон
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото

1 фавт ва 43 ҳолати ҷадиди гирифторшави ба коронавирус дар Тоҷикистон: вазорат тасдиқ кард

0
Шабонарӯзи гузашта аз маризии сироятии коронавирус дар Тоҷикистон боз як нафари дигар ҷон супорид. Вазорат низ хабари фавти маризи коронавирусро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Вазорати тандурустӣ омори як рӯзи ахири гирифторшавӣ, фавт ва шифоёбӣ аз маризии коронавирусро нашр намуд.

Бар хабари котиботи вазорати мазкур, шабонарӯзи гузашта аз ин маризӣ боз як нафар ҷон бохта, ҳамзамон 43 мавриди нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, дар муддати аз 30 апрел то 26 сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9 605 нафар расид.

Зимнан, аз ин беморӣ то кунун 8385  ё худ 87,3 дарсади гирифторон шифо ёфта, 75 нафар фавтиданд.

"Шабонарӯзи охир 97  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Феълан Ҳукумати  Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
омор, маризӣ, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон