Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе соҳиби терминали нави боркашонӣ шуд

© SputnikНовый терминал душанбинского аэропорта
Новый терминал душанбинского аэропорта - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дорои терминали нави боркашонӣ бо таҷҳизоти нави муосир шудааст

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ифтитоҳ шуд. Барои сохтмони терминали боркашонӣ ҳукумати Ҷопон ба маблағи 17,5 миллион доллар грант ҷудо намудааст, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

Дар маросими ифтитоҳи Терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, роҳбари Ожонсии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Шиничи Китаока, намояндагони сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти Тоҷикистон иштирок намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2014 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва JICA созишномаи грантӣ ба имзо расид, ки тибқи он ҳукумати Ҷопон барои сохтмони Терминали боркашонӣ беш аз 1 млрд. 914 млн. йен (17,5 миллион доллар) ҷудо намуд.

Барои терминали боркашонии ФБД таҷҳизот барои коркарди боркашонӣ ва таҷҳизоти навигатсионӣ ILS ва PALS харидорӣ шудааст, ки  барои дақиқ фуруд омадани  ҳавопаймо имкон медиҳад харидорӣ шудааст.

Таҷҳизот барои коркарди боркашонӣ аз Норвегия, Олмон, Белгия ва Ҷопон харидорӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0