Қазоқистон таҳвили бензинро ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад

CC0 / Pixabay / Автозаправка, архивное фото
Автозаправка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қазоқистон тасмим гирифтааст таҳвили бензинро ба Тоҷикистон ва Узбакистон шурӯъ кунад

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Қазоқистон тасмим гирифтааст, тирамоҳи соли ҷорӣ таҳвили бензинро ба Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон шурӯъ намояд, иттилоъ додааст муовини раиси ширкати "КазМунайГаз" Дониёр Тиесов.

"Мо дар ҳоли ҳозир бензини истеҳсоли дохилии изофӣ дорем ва раванди зиёдшавии он идома дорад. Қазоқистон пурра ниёзи дохилии худро ба бензин пӯшондааст. Акнун имкон пайдо кардем, ки бензин содир кунем", — гуфт Дониёр Тиесов.

Ба гуфтаи вай, Қазоқистон аз кишвари воридкунанда ба як кишвари содиркунандаи бензин табдил хоҳад ёфт. "Дар ҳоли ҳозир мо сӯзишвории зиёд захира кардаем. Ба ҳамин хотир мо дигар аз Русия сӯзишворӣ ворид накардем", — таъкид кардааст вай.

Автозаправочные станции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Фароз": болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон тақсири ширкат нест

Тиесов афзудааст, ки Қазоқистон бояд бо кишварҳои ҳамсоя созишномаҳои байнидавлатии лозимаро ба имзо расонад, ки мӯҳлати муайянро талаб мекунад.

Пештар Ширкати "Фароз" сабаби асосии боло рафтани нархи гази моеъро ба кам гардидани ҳаҷми фурӯши он аз ҷониби ширкати "СНПС-Актобемунайгаз"-и Қазоқистон арзёби кард.
Тавре ширкат афзудааст, қаблан воридоти гази моеъ аз Қазоқистон то 40 дар сад кам шуда буд. Вале баъдтар ширкати қазоқӣ ба "Фароз" иттилоъ додааст, ки то охири моҳи июн гази моеъ содир нахоҳад шуд. Ба ҳамин далел нархи гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафт.

"Рабт додани болоравии нархи гази моеъ ба ширкати "Фароз" хулосабардориҳои беасос ва суханони иғвоомезу бардурӯғ мебошад. Сабаби асосии болоравии нархи газ коҳиши фурӯши он аз ҷониби ширкати "СНПС-Актобемунайгаз"-и Қазоқистон аст, на ширкати "Фароз", — афзудааст ширкат.

"Фароз" таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир бо ширкатҳои Русия дар бораи харидорӣ ва содироти гази моеъ ба Тоҷикистон гуфтушунид доранд.

Лентаи хабарҳо
0