Нуқтаи таъмини сӯзишворӣ, акс аз бойгонӣ

Пиёда ба ҷои мошинсаворӣ: Ҷаҳиши нархи газу бензин баъди доллар

142
Сокини Душанбе мегӯяд, ба далели гаронии нархи маводи сӯхт мошинашро дар хона монда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекунад

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Сокинони Душанбе аз болоравии нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон хабар доданд.

Фаттоҳ, як сокини пойтахти Тоҷикистон, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, 13-уми июл нархи як литр бензин дар маркази кишвар боло рафта, ба 8 сомонӣ баробар шуд. Арзиши гази моеъ, ки қаблан ронандаҳои тоҷик барои нархи арзонаш зиёд онро истифода мекарданд, аз ҳадди 5 сомонӣ гузаштааст.

“Мошинамро дар хона монда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекунам”, - изҳор дошт Фаттоҳ.

Болоравии нархи маводи сӯхт дар пайи болоравии арзиши доллар сурат гирифт. Сокинони Тоҷикистон мегӯянд рӯзҳои наздик болоравии нархи дигар молу маҳсулотро интизоранд, чун аксари коло дар кишвар воридотӣ буда, нархи он ба арзиши асъори хориҷӣ вобаста мебошад.

142
Барчаспҳо:
бензин, Душанбе, Тоҷикистон